• Home »
  • ХАБАР »
  • Шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино «Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ» дар соли 2020
Шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино «Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ» дар соли 2020

Шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино «Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ» дар соли 2020

  Ҳамасола бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикситон баҳри муайян намудани беҳтарин кормандони самтҳои оперативию тафтишотӣ ва криминалистию дигар самтҳо як қатор озмунҳои соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла «Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ» ва «Беҳтарин муфаттиш», дар соли 2020 дар байни кормандони тафтишоти мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида шуда, бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ ғолибон муайян гардиданд.
  Ҳамин тариқ дар маросими ҷамъбастӣ “Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ” дар мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2020 шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дониста шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ сардори шуъбачаи тафтишотии мазкур, майори милитсия Мирзозода Мансур Ҳасан бо ҷоизаи “Бехтарин воҳиди тафтишотӣ” ва бо медали “Садоқат” аз ҷониби роҳбарияти ВКД сазовор гашт.


  Зимни мулоқот ва ҷаласаи корӣ Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино натиҷаҳои фаъолият ва ҳисси ватандӯстиву иҷрои баланди ӯҳдадориҳои хизматии Шуъбачаи тафтишотии мазкурро таҳсин намуда, иброз намуд, ки фаъолияти натиҷабахши ин воҳиди тафтишотӣ намунаи ибрат буда, баҳри дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ бояд мавриди омӯзиши дигар хадамотҳои мақомоти корҳои дохилӣ низ қарор гирад.


  Мавриди зикр аст, ки воқеан муфаттишони ин Шуъбачаи тафтишотӣ давоми соли сипаригардида, аз худ матонату ҷасурӣ, иҷрои саривақтӣ ва тафтиши холисонаву пурраи парвандаҳои ба зиммаашон вогузоршударо ба роҳ монда, тавонистанд адолати ҳуқуқиву тафтишотиро холисона ба роҳ монанд.
  Метавон гуфт, ки он ҳама фаъолияти шабонарӯзии ҳар як корманди ин воҳиди тафтишотӣ буд, ки ба ин мартабаи намунавӣ ва натиҷаҳои назрраси корӣ шарфёб гардиданд.


  Чуноне иброз гардид минбаъд низ кормандони ин ниҳоди тафтишотӣ таҷрибаи бадастомадаро сармашқи кори худ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд то сазовори номи нек ва таъминкунандаи тартиботу нигоҳдорандаи волоияти қонун бошанд.

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin