• Home »
  • ХАБАР »
  • Тамошои дастҷамъонаи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби милитсияи пойтахт
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби милитсияи пойтахт

Тамошои дастҷамъонаи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби милитсияи пойтахт

  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар ба таври дастҷамъона тамошо намуданд. 


  Воқеан Паёми Пешвои миллат бозгукунандаи тамоми самтҳои ҳаёти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои рушди минбаъдаи кишвар нақша ва раҳнамоиҳои мушаххасро пешбинӣ менамояд.

  Кормандони милитсияи пойтахт низ зимни тамошои Паём нуқтаҳои муҳимми онро аз бар намуда, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкору пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ сармашқи кори худ менамоянд.

  Чуноне зимни ироаи Паём Президенти кишвар бори дигар тамоми шаҳрвандон ва кормандон мақомоти қудратиро хотиррасон намуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дар ин замина нигоҳ доштани осоиштаҳолии шаҳрвандон ҳушёру зирак бошанд. Нагузоранд гурӯҳи манфиатхоҳе авзои ҷомеаро бо истифода аз технологияи комуникатсионии муосир нором созанд. «Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.»

  Вобаста ба ин кормандони милитсия  пайваста талош менамоянд, то пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдори номатлуб дар ҷомеа гирифта шуда, сулҳу субот ва амнияту тартибот таъмин гардад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin