Таваққуфи нодураст омили асосии тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт

Таваққуфи нодураст омили асосии тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт

  Аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва бартараф намудани таваққуфи нодурусти ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои пешигирикунанда ба таври доимӣ доир карда мешавад.
  Мутаассифона, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд. Ин омил боиси ба миён омадани беназмӣ дар ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва норозигии шаҳрвандону иштирокчиёни ҳаракати роҳ гардидааст.
  Кормандони бозрасӣ он ронандагоне, ки ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ додаанд нисбаташон бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои дар оянда дигар такрор накардан огоҳонида шуданд.

Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағали вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон)

Каримов Абдулқодир – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатияш 7000 UО 07;


Мирзомуддинов Усмон – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес – Бенс», рақами қайди давлатиаш 3075 RM 01;


Аҳлиддини Файзализод – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла», рақами қайди давлатияш 0686 СТ 01;


Саидов Ҷамол – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақамаи қайди давлатияш 9498 RK 01;


Шарипов Маҳмудҷон – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», рақами қайди давлатияш 9814 СЕ 01;


Давлатов Ҷовид – ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақами қайди давлатиаш 1284 ТТ 09;


Гадоев Суҳроб – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатияш 8148 ТТ 05;


Саидов Азизҷон Азимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 8869 ТТ 05;


Абдуллоев Хушбахт Усмонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 6891 DD 08;


Вазиров Лутфулло Амирович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 7470 JJ 01;


Мардонов Алишер – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 7960 RХ 01;


Абдуллозода Ҷамолиддин – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 4828 ВВ 01;


Шоев Ҷомӣ Тоирович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 3399 АР 07;


Холов Мирзомуддин Ашурхонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 7060 НН 01;


Зиёев Фахриддин Бурҳонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай старекс», рақами қайди давлатиаш 9696 ТТ 01;


Тоҳирзода Фирӯзи Муродалӣ – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-старекс», рақами қайди давлатиаш 9920 ТТ 05;


Шоев Абдумуслим – ронандаи автомашинаи тамғаи «Крайслер», рақами қайди давлатиаш 4704 СА 01;


Бобохонов Суҳроб Рустамович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Форленд», рақами қайди давлатиаш 3142 АР 07;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin