Иқдоми созанда: Насби 49-адад камераҳои мушоҳидавӣ дар гузаргоҳҳои зеризаминии эстакадаҳо

Иқдоми созанда: Насби 49-адад камераҳои мушоҳидавӣ дар гузаргоҳҳои зеризаминии эстакадаҳо

  Бо заҳматҳои шабонарӯзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи пойтахт сол то сол симои шаҳр куллан дигаргун гардида, дар тамоми самтҳо аз ҷумла роҳу нақлиёт низ инфрасохтори лозима таъмин карда шуда истодааст.


  Махсусан ба истифода додани роҳҳои сесатҳа яъне эстакадаҳо, ки бо риояи меъёрҳои байналмилалии роҳсозиву меъморӣ сохта шудаанд, ба симои шаҳри Душанбе зиннати нав бахшидааст. Дар баробари шароити мусоид фароҳам овардан ба ҳаракати бонизоми воситаҳои нақлиёт дар эстакадҳо ҳамчунин роҳҳои зеризаминии пиёдагузар бо назардошти талаботҳои ҷаҳони муосир ва ҷавобгу ба стандартҳои байналмилалӣ таҳия ва сохта шудааст.
  Ёдовар мешавем, ки роҳҳои зеризаминӣ танҳо барои таъмини бехатарии ҳаракати пиёдагардон, бе мушкиливу монеаҳои иҷтимоӣ аз як самт ба дигар самт ҳаракат намудан сохта шуда, ҳадафи асосии он ҳифзи саломатии ҳар як иштирокчии ҳаракати роҳ ва пешгирӣ намудан аз садамаҳои ҳалокатовар ба ҳисоб меравад.


  Дар идомаи ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон, ки ҳангоми убури роҳ аз роҳҳои зеризаминӣ истифода мебаранд, дар гузаргоҳҳои зеризаминии роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар умум 49 адад камераҳои мушоҳидавии бисёрфунксионалӣ насб карда шудааст.
  Аз ҷумла дар гузаргоҳи зеризаминии қучаҳои Н. Махсусм-Б. Ғафуров 30 адад камера ва дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои И. Сомонӣ – А. Сино 19-адад камераҳои мушоҳидавӣ насб ва маркази назоратбарии он дар Қисми навбатдории Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Сино ҷойгир карда шуда, нафари масъул аз ҳисоби кормандони милитсия вобаста карда шуд.


  Бояд гуфт, ки дар сурати содир гардидани ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлуби зиддиҷамъиятӣ, махсусан муноқиша ва авбошиву дигар кирдорҳои ҷиноятӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милитсия дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, нафарони гумонбар дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
  Воқеан ин иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, боиси таҳсин буда, кори мақомоти милитсияи пойтахтро ҷиҳати ошкору дастгир намудани нафарони қонуншикан, ашхоси шубҳанок ва таъмини бехатарии шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ осон менамояд.
  Дар навбати худ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои кулли сокинону меҳмонони пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе мерасонад, ки ҳангоми убури роҳ аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода бурда, пеш аз ҳама ҷони худро дар хатар нагузоранд.
  Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани обрую нуфуз ва симои пойтахти мамлакатамон-шаҳри Душанбе дар назди меҳмонону сайёҳон ва сокинони он одоби шаҳрнишинӣ ва маданияти баланди шаҳрдориро риоя намуда, нагузоранд нафаре бо амалу рафтори номатлуби худ боиси харобӣ ва коста гаштани нуфузи он шаванд.


  Бо ин мақсад милитсияи пойтахт ҷиҳати таъмини тартибот махсусан ба низом овардани истифодабарии роҳу нақлиёт ба таври ҳамешагӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монда, дар ҳолати гаштугузор аз ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, пахш намудани гулу бута, сабзакориҳо ва вайрон намудани дигар қоидаҳои шаҳрдориву шаҳрнишинӣ вайронкунандагон дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin