Амалиёти «Истгоҳ»: Пешгирии таваққуфи нодурст

Амалиёти «Истгоҳ»: Пешгирии таваққуфи нодурст

  Кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва бартараф намудани таваққуфи нодурусти ронандагон амалиёти профилактикию санҷишӣ таҳти унвони «Истгоҳ» доир намуда истодаанд.
  Чуноне дар рафти баргузории амалиёти мазкур муайян карда шуд, мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд. Ин омил боиси ба миён омадани беназмӣ дар ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва норозигии шаҳрвандону иштирокчиёни ҳаракати роҳ гардидааст.
  Кормандони бозрасӣ он ронандагоне, ки ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ додаанд нисбаташон бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои дар оянда дигар такрор накардан огоҳонида шуданд.
  Амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, аз кулли ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври пуррагӣ риоя намоянд, дар акси ҳол ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.

Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағали вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон)

Шомаҳмадов Самандари Сулаймон – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 0070 XD 01;


Ҷобиров Парвиз Музаффарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатиаш 3293 RХ 01;


Сатторов Дустмурод Шидимуродович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 8558 DD 01;


Бобоев Фирӯзҷон Ҷамшедович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ», рақамаи қайди давлатиаш 1888 DD 01;


Рустамов Собир – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатиаш 0305 НА 01;


Қайсов Нуралӣ- ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 3267 СТ 01;


Мирзоев Анҷуман – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 6060 АК 01;


Зиёев Фирдавс Ҷумахонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 3454 JJ 01


Шоқулов Ғуломҷон Холмуротович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 4474 ВВ 03;


Муминов Баҳром – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 9535 НН 01;


Каримов Исмоилҷон Валиҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 9889 DТ 01;


Исоев Юсуфшо Меҳриддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 0691вс 01;


Ҷонов Шокирҷон Давлатович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 3443 ОЕ 01;


Раҷабов Баҳодур Абдуқаҳҳорович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 0898 ТТ 05;


Мирзохоҷаев Суҳроб – ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА-РИО», рақами қайди давлатиаш 1195 ТТ 09;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin