• Home »
  • ХАБАР »
  • Татбиқи иқдоми «Шаҳри сабз»-и Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби милитсияи пойтахт (навор)
Татбиқи иқдоми «Шаҳри сабз»-и Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби милитсияи пойтахт (навор)

Татбиқи иқдоми «Шаҳри сабз»-и Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби милитсияи пойтахт (навор)

  Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан, ба ҳусни он таровати тоза зам намудааст.
  Ҳамасола дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар мавсимҳои гуногун дарахтони зиёди сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, имрӯзҳо воқеан шаҳри Душанбе дар тамоми фаслхо ба «Шаҳри сабз» ва «Шаҳри гулҳо» табдил ёфтааст.


  Аз ҷумла, иқдоми навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба “Шаҳри сабз” мубаддал гардонидан пойтахти мамлакат, ки ба хотири вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани Душанбешаҳр ва ба таври шоиста таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он дар ноҳияҳои пойтахт низ ҳамовозӣ пайдо намуд.    Дар доираи ин иқдом бо ташкили маъракаи ниҳолшинонии дастаҷамъӣ аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, муассисаҳои таълимӣ ва назди биноҳои истиқоматии кормандони милитсия шинонида шуданд.

  Аз ҷумла, аз ҷониби ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти милитсияи пойтахт дар назди биноҳои истиқоматӣ, минтақаҳои маъмурии хизматӣ, нуқтаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуда, ҳамзамон гирду атрофи биноҳои мазкур тозаву озода ва бехи дарахтон нарм гардонида шуд.
  Воқеан шинонидани дарахт ва сабзу хуррам гардонидани атроф аз сунатҳои миллии ниёгони миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, амали басо хайру савоб ба шумор меравад.
  Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе навъҳои гуногуни дарахтони ҳамешасабз ва ороишиву мевадиҳанда дар назди биноҳои исиқоматӣ ва муассисаҳои таълимии пойтахт шинониданд шуданд.


  Чунончӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсат дар назди бинои истиқоматии маҳаллаи 63-уми ноҳияи Фирдавсӣ зиёда аз 30-бех дарахтони арчаю мевадиҳанда шинонида шуданд. Ба ин монанд кормандони бахшҳои тафтишотию оперативӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятию криминалистика, бозрасию баталиёни пайраҳадории милитсия ва дигар хадамотҳои мақомоти милитсияи пойтахт ҳар кадоме дар алоҳидагӣ минтақаҳои гуногуни пойтахти кившарро бо нишонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ сабзу хуррам гардониданд.


  Ҳамзамон аз ҷониби тамоми Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар алоҳидагӣ маъракаи ниҳолшинонӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрдориву шаҳрнишинӣ роҳандозӣ карда шуд.

Аз ҷумла аз ҷониби кормандони Шуъбаи 1-и ВКД дар нохияи Фирдасӣ дар муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи мазкур бо ташкили маъракаи дастаҷамъии ниҳолшинонӣ зиёда аз 150-бех дарахтони арча шинонида, ҳамзамон бо ташкили шанбегии дастаҷамъӣ корҳои созандагиву ободкорӣ вусъат дода шуд.

Кормандони Шуъбаи 2-и ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ низ ба таври дастаҷамъӣ зиёда аз 85-бех дарахтони ҳамешасабзи арчаро дар назди бинои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75 шинониданд, ки ба зебогии муассаи таълимӣ таровати тоза зам намуд.

  Чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ гузаронида шуда, кормандони милитсия дар кӯчаи Аҳрор Мухтори ноҳияи мазкур, бо шинонидани 100-бех арчаҳои ҳамешасабз як гӯшаи пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо ободу зебо гардониданд.


  Дар маҷмуъ, дар доираи ин иқдом аз ҷониби ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе 985-бех дарахтон, аз ҷумла 723-бех ороишӣ, 127-бех мевадиҳанда, 21-бех буттаҳои мавсимӣ ва 1600 дона гулхои гуногун шинонида шуд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки барои нигоҳубин ва парвариш ёфтани ҳар як ниҳоли шинонидашуда худи кормандони милитсия вазифадор карда шуда, шахси масъул барои нашъунамо ёфтани он ҳисобида мешаванд.


  Бешубҳа ин амали нек ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, санитариву гигиенӣ, муҳити зист, ташаккули боду ҳавои тоза ва солимгардонии аҳолӣ таъсири мусбат расонида, дар муаррифии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар миқёси байналмилалӣ доир ба масъалаҳои экологӣ саҳми арзанда мегузорад.

 Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin