• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорсозии 2-далели истифодабарии ғайриқонунии нерӯи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ
Ошкорсозии 2-далели истифодабарии ғайриқонунии нерӯи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ

Ошкорсозии 2-далели истифодабарии ғайриқонунии нерӯи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ

  Истифодаи оқилона ва мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, аз ҳар як шаҳрванд муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад. Саривақт напардохтани ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва ҳатто ғайриқонунӣ насб ва бидуни ҳисобкунаки барқӣ истифодабарии он аз ҷониби баъзе шаҳрвандон боиси нигаронист.
  Бо мақсади пешгирию ошкор кардани чунин омилҳои номатлуб кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе пайваста санҷишҳо доир менамоянд. Аз ҷумла дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ду далели истифодабарии ғайриқонунии нерӯи барқ ошкор карда шуд.


  Шаҳрванд Бобоёров Шодӣ дар манзили ба иҷорагирифтааш воқеъ дар кӯчаи Мушфиқии н. Фирдавсӣ нерӯи барқро берун аз ҳисобкунак истифода бурда, бо ин кирдораш ба буҷаи давлат ба маблағи 3876-сомонӣ зарар расонидааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар манзили истиқоматии мазкур қоидаҳои бехатарии насби ноқилҳои барқӣ низ риоя намегарданд, ки ин метавонад ба сар задании ҳодисаҳои нохӯш низ сабаб гардад.


  Инчунин дар ҷараёни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Урозов Файзулло соли таваллудаш 1966 сокини ш. Душанбе бо роҳи ғайриқонунӣ ва берун аз ҳисобкунак ноқили барқро ба коргоҳи самбусапазии ба иҷорагирифтааш воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ насб намудааст. Ҳамзамон номбурда қоидаҳои бехатариро сарфи назар намуда, инчунин барои пухтани самбӯса аз спиралҳои тасфон истифода карда, бо ин васила ба талофоти барзиёди нерӯи барқ роҳ додаст.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд. ки номбурда дар муддати зиёда аз 3 моҳ 11-ҳазору 880 киловат соат қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, ба буҷаи давлат зиёда аз 7730-сомонӣ зарар расонидааст.


  Воқеан дар фасли сармо, ки норасоии нерӯи барқ мушоҳида мешавад, чунин афрод манфиатҳои худро аз манфиатҳои давлат ва ҷомеа боло гузошта боиси талафоти барзиёди нерӯи брақ ва халалдор гаштани истиқлолияти энергетики кишвар мешаванд
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон, ки дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ задаанд санадҳои лозима тартиб дода шуда, нисбаташ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin