• Home »
  • ХАБАР »
  • Ин чӣ шӯрест… Боздошти духтаре, ки модарашро бо корд задааст
Ин чӣ шӯрест…  Боздошти духтаре, ки модарашро бо корд задааст

Ин чӣ шӯрест… Боздошти духтаре, ки модарашро бо корд задааст

  Арҷ гузоштан ба қадру мартабаи волои падару модар қарзи ҳар фарзанд буда, нафаре, ки волидайн аз ӯ розист комёбии ҳар ду олам насиби ӯст. Беҳуда нест, ки биҳишт зери қудуми модарон гуфтаанд. Вале он нафаре, ки дар зиндагонӣ ба қадри волидайн нарасида, бо амалу рафтори ғайриинсонии худ боиси озори падару модар мегарданд, бешубҳа шармандаву саргардон хоҳад шуд.
  Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо баъзан нафароне ёфт мешаванд, ки он ҳама бузургӣ ва мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳо ва рафтори неку пурмуҳаббаташро нодида гирифта, модари хешро мавриди озору таҳқир ва дашному ҳақорат қарор медиҳанд. Фарзанде, ки модар бо хуни ҷигар ва садҳо орзуву ҳавас ба воя расонидааст, бо камтарин нофаҳмиҳои лафзӣ ва ба миён омадани талаботи моддӣ дар қасди аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯ мешаванд.


  Мисоли равшани чунин гуфтаҳоро кормандони милитсияи пойтахт ҳангоми бо хабари фаврӣ оид ба ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани як нафар зан дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Сино баъд аз расидан ба ҷойи ҳодиса муайян намуданд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, бар асари як нофаҳмии оилавӣ шаҳрванд Азизова Моҳира Меликовна санаи таваллудаш 10.08.1970 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшонро духтари 32-солааш шаҳрванд Азизова Хосият Раҳматуллоевна санаи таваллудаш 14.07.1988 дар манзили истиқоматиашон бо корди хоҷагидорӣ зарба зада ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.


  Модари муштипару оғушта дар хун ба беморхона дастрас ва бистарӣ карда шуда, баҳри табобат чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
  Дар зимн муороҷиати видеоӣ ва гилаву шикояти ӯ аз фарзандонаш дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр гардида, мавриди вокуниши васеи шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки нисбати шаҳрванд Азизова Хосият бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin