Ҷаримабандии 19-ронанда дар асоси расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон

Ҷаримабандии 19-ронанда дар асоси расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон

  Як қатор корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандагон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудаанд, ки нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти дар аксҳо инъикосгардида, барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, 19-ҳолати қоидавайронкуниҳои дар аксҳо иъикосгардида ошкор ва муайян карда шуда, ронандагони воситаҳои нақлиёт ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас ва нисбати ронандагон чораҳои прорфилактикӣ-фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.


  Дар натиҷа муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар аксҳо инъикосёфта ба қоидавайронкунии дағали ҳаракати роҳ даст зада ба самти муқобили роҳ ҳаракат намудаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст. Тибқи таҳлилҳои омории Бозрасии давлатии автомобилӣ чунин қоидавайронкунӣ дар бештари маврид ба сар задани ҳодисаҳои нохӯш ва садамаҳои маргбор боис мегардад.
  Дар натиҷа нисбати ронандагон тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва ному насаби 19-нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт:

Аскаров Исроил – ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Prado», рақами қайди давлатиаш 5555 ХА 01;


Сафархони Сироҷиддини Раҷабзод – ронандаи автомашинаи тамғаи «Range Rover», рақами қайди давлатиаш 2000 QO 02;


Хушенов Умед Лутфишоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Skoda Octavia» рақами қайди давлатиаш 7000 РQ 03;


Арбов Иброҳимҷон Ҷумаевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «BMW-325», рақами қайди давлатиаш 0004 YA 01;


Юнусов Равшанҷон Абдувоҳидович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Camry», рақами қайди давлатиаш 4737 RX 01;


Қосимов Исфандиёр Олимҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Mersedes Benz-200», рақами қайди давлатияш 0700 РВ 01;


Файзуллов Илҳом Бухориевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Mazda», рақами қайди давлатияш 3952 RK 01;


Сулаймонов Шамшод Бахтиёрович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Kia Sportage», рақами қайди давлатиаш 2777 МВ 01;


Кабутов Ҳусей Ҷунайдуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Mersedes Benz», рақами қайди давлатиаш 2010 ЕХ 01;


Алиев Бахтиёр Зайниддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra», рақами қайди давлатиаш 0046 DD 01;


Назаров Субҳон Искандарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ravon» рақами қайди давлатиаш 0525 ТТ 01;


Амриддин Саидҷафари Қаландариён – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra», рақами қайди давлатиаш 1465 JJ 01;


Хоҷаев Тоҳир Абдукаримович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra», рақами қайди давлатияш 0404 ЕН 01;


Бодуршоев Манучеҳр – ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Corolla», рақами қайди давлатиаш 6400 ТТ 05;


Икромов Ҷамшед Зайнидинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Corolla», рақами қайди давлатиаш 6803 ТТ 05;


Исматуллоев Билол Ашурмаҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Hyundai Santa», рақами қайди давлатиаш 6926 ТТ 05;


Каримов Ҳакимбой Музафарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Hyundai Santa», рақами қайди давлатияш 2965 ТТ 05;


Махсумов Сӯҳроб Арбович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Kia Rio», рақами қайди давлатияш 0260 TT 09;


Шодиев Файзихон Давлатович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Mersedes Benz», рақами қайди давлатиаш 1308 ТТ 05;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin