Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи милитсияи тоҷик

Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи милитсияи тоҷик

  Ҳамасола 10 ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаи муҳим, дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.


  Нахуст ҷамъомади мазкурро сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон оғоз бахшида, иброз намуд, ки кормандони милитсияи пойтахт ба савганди худ содиқ монда, чун сипари боэътимод баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ба таври шабонарӯзӣ фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд. Сол то сол бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шароити хизматбарии кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе беҳтар гардида, баҳри иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти дучанд менамоянд.


  Дар ҷараёни ҷамъомади мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик ба иштирокдорон расонид.
  Чуноне номбурда иброз намуд, мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба ӯҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз ҷойҳои марказиро ишғол менамоянд.


  Дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати ҳуқуқии кормандони милитсия равона гардидааст, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.
  Бо итминони комил метавон таъкид намуд, ки кормандони милитсия на танҳо дар таҳкими суботи ҷомеа ва риояи қонуният, инчунин дар рушду пояндагии давлати воқеан соҳибихтиёру соҳибистиқолол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ намунаи ибрати дигарон хоҳад буд. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари беэътимоди халқ ва давлат мебошад.


  Бояд иқрор шуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар имрӯз ба як мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд.
  Дар ин замина, милитсияи пойтахт имрӯзҳо пайваста кӯшиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монда онро вусъат дода истодааст.


  Милитсияи пойтахт имрӯз тамоми шароитҳоро барои мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зиннаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.
  Бо боварии комил метавон гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳама он вазифа ва уҳдадориҳое, ки дар наздашон давлату миллат бовар намуда гузоштаанд, сарбаландона баромада, имрӯз сипари боэътимоди кишвар мебошанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin