• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Ҳабси ду нафар ҷавон барои майдаавбошӣ
Таҳқиқи навор: Ҳабси ду нафар ҷавон барои майдаавбошӣ

Таҳқиқи навор: Ҳабси ду нафар ҷавон барои майдаавбошӣ

  Санаи 19 ноябр дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори муноқишаи лафзии ду нафар шаҳрвандон дар ҳудуди яке аз кӯчаҳои пойтахт интишор гардид, ки зимнан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати нафарони дар навор инъикосгардида, ки бо кирдорҳои авбошонаашон тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд, чораҳои қонунӣ андешида шавад.


  Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки чи тавре дар навор дида мешавад, ҳангоми сар задани кирдори зиддиҷамъиятӣ як нафар корманди милитсияи пойтахт ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, нафарони ҳуқуқвайронкунандаро ба мақомоти милитсия дастрас мекунад.
  Баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудани содиркунандагони кирдори зиддиҷамъиятӣ шахсияти онҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунада, ки дар натиҷа тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳузури омма дағалона вайрон карда шуд муайян гардид. Нафарони дастгиршуда:
Камолов Умед Мирзоевич санаи таваллудаш 25.05.1998 сокини ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Лоҳур;


Рамазони Бозор санаи таваллудаш 05.04.1990 сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ мебошанд.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастгиршудагон ҳамгоми дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, рӯ ба рӯи бозори Саховат қарор доштанашон бар асари як баҳси лафзӣ ҳамдигарро дашному ҳақорат намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳарду дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ аз 19 нобяри соли ҷорӣ нисбати ҳарду дастгиршудагон Камолов Умед ва Рамазони Бозор ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарузӣ таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin