Таҳқиқи навор: Ҷаримабандӣ барои баланд намудани суръати ҳаракат

Таҳқиқи навор: Ҷаримабандӣ барои баланд намудани суръати ҳаракат

  Риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт махсусан воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ки барои ҳамлу нақли мусофирон нигаронида шудааст, басо муҳим мебошад. Мутаассифона, баъзан ронандагони мусофиркашони ҷамъиятие ҳастанд, ки ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт на танҳо қодаҳои ҳаркат дар роҳро вайрон мекунанд, ҳамзамон бо мусофирон дағалона рафтор намуда, боиси озори шаҳрвандон мешаванд.
  Чунончи, як қатор истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки нисбати ронандаи автомашинаи хатсайри №47 аломати қайди давлатиаш 2299 ТТ 05 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда воситаи нақлиётро бо суръати баланд идора намуда, боиси озори мусофирон гашта, эҳтимоли рух додани ҳолати садамавиро ба миён овардааст.


  Вобаста ба ин зимни гузаронидани як қатор чораҳои фаврии санҷишӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 2299 ТТ 05 шаҳрванд Саидов Давлатмирзо Ғаниҷонович санаи таваллудаш 05.01.1993 сокини н. Рӯдакӣ, ҷамоати Навобод мебошад.


  Баъди ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намудан нисбати номбурда барои баланд намудани суръати ҳаракат, ки боиси озори мусофирон гардидааст протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон воситаи нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуда, барои дар оянда эҳтиром гузоштан нисбати мусофирон ва риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд. Инчунин ба номбурда фаҳмонида шуд, ки дар ҳолати такрори чунин қоидавайронкунӣ аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум карда хоҳад шуд.   

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin