Таваққуфи нодуруст

Таваққуфи нодуруст

  Аз ҷониби кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва бартараф намудани таваққуфи нодурусти ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои пешигирикунанда ба таври доимӣ гузаронида мешавад.
  Мутаассифона, новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳо ва таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатору дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.


  Дар натиҷаи баргузории як қатор рейду амалиётҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, ки дар бештари маврид маҳз ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ба таври дағалона Қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, дар қатори дуюму сеюм дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати бемамонияти дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонанд.
Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағали вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон)

Мусоев Сайдамир Маҳмадхонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Camry» рақами қайди давлатиаш 3000 OZ 01;


Баротов Равшан Рустамович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Lexus RX 200T», рақами қайди давлатиаш 0010 DS 01;


Халилов Абдухолиқ Сафаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Corolla», рақами қайди давлатиаш 1963 НН 01;


Абдураҳимов Абдулманнон Ҳакимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Corolla», рақами қайди давлатиаш 5009 RK 01;


Набиев Озод Абдураҳмонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Mersedes Benz», рақами қайди давлатиаш 9355 РВ 01;


Маҳмадалиев Исмоил Субҳоналиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota» рақами қайди давлатиаш 0061 RR 01;


Хуҷамурод Сайфудин Авғонзода – ронандаи автомашинаи тамғаи «Mersedes Benz», рақами қайди давлатиаш 9922 ЕМ 01;


Абдураҳимов Амирҷон – ронандаи автомашинаи тамғаи «Mersedes Benz», рақами қайди давлатиаш 6686 ВН 03;


Дустов Муҳаммадҷон – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra», рақами қайди давлатиаш 4303 RK 01;


Ғоибов Заиршо Тоирович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra», рақами қайди давлатиаш 0346 CT 01;


  Бо ин мақсад ва дар минбаъда такрор накардани чунин қоидавайронкунӣ аз ҷониби нозирони роҳ нисбати соҳибону ронандагони чунин воситаҳои нақлиёт парвандаҳои маъмурӣ бо дастрасии моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, барои дар оянда дигар такрор накардан огоҳонида шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin