Ошкор шудани дуздии доруворӣ аз дорухона

Ошкор шудани дуздии доруворӣ аз дорухона

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини кӯчаи Ҷавонони пойтахт, соҳибкор ворид гардид, ки санаи 14-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дорухонаи «Мададформ», воқеъ дар кӯчаи А.Навоӣ даромада, аз он ҷо дорувории тамғаҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 000 сомониро ташкил медиҳад. 

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини кӯчаи Р.Ҷалили шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin