• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти қаллоб: худро корманди комиссариати ҳарбӣ муарифӣ намуда, даст ба тамаҷъӯӣ задааст (Навор)
Боздошти қаллоб: худро корманди комиссариати ҳарбӣ муарифӣ намуда, даст ба тамаҷъӯӣ задааст (Навор)

Боздошти қаллоб: худро корманди комиссариати ҳарбӣ муарифӣ намуда, даст ба тамаҷъӯӣ задааст (Навор)

  Баъзан аз надонистани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ инсон дучори мардумфиребону қаллобон гардида, боиси парешонӣ ва аз даст додани пулу мол мегарданд. Ба кормандони мақомоти милитсияи пойтахт зиёда аз 13-нафар ҷавонон, ки аксаран донишҷӯён ҳастанд бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудаанд, ки мавриди фиреби як нафар мардумфиреб қарор гирифта, телефонҳои мобилии худро аз даст додаанд.


  Дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Назарзода Акбарҷони Гадо соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ деҳаи Теппаҳои Самарқандиро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд, ки қаблан суд шудаву ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз такроран даст ба ҷиноятҳои қасдона задаст.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда бо усули хосе ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст. Ӯ худро ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбӣ муааррифӣ намуда, ҷавононро аз ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан тарс дода, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст.
  Тафтишоти пешакӣ 13-ҳолати мардумфиребии ӯро ошкор намуд, ки ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои содир намудани дигар ҷиноятҳо тафтиш идома дорад.
  Бояд гуфт ин амали ноҷавонмардонаи дастгиршуда, боиси коста гардидани обруву эътибори мақомоти давлатӣ ва дилсард гаштани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гашта, номбурда барои содир намудани ин кирдорҳои ҷиноятиаш дар назди қонун ҷавоб ҳоҳад гуфт.


  Айни замон нисбаташ бо моддаи 247 қисми 2-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin