Амалиёти шартии «Эстакада» (Навор)

Амалиёти шартии «Эстакада» (Навор)

  Новобаста аз баргузории ҳамешагии рейду амалиётҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати истифодаи дурусти иншоотҳои нақлиётӣ ва риояи ҳамаҷонибаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамоно ронандагону шаҳрвандон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҳастанд, ки одитарин талаботу қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, бо амали ғайриқонунии худ боиси ба вуҷуд амадани садамаҳои марговар ва коста гардидани симои шаҳр мегарданд.


  Қоибили зикр аст, ки солҳои охир бо заҳматҳои шабонарӯзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута, симои шаҳр куллан дигар шуда, дар самти роҳу нақлиёт низ инфрасохтори лозима таъмин карда шуда истодааст.

  Махсусан ба истифода додани роҳҳои сесатҳа яъне эстакадаҳо, ки бо риояи меъёрҳои байналмилалии роҳсозиву меъморӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ба симои шаҳри Душанбе зиннати нав бахшидааст. Аммо чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ронандагону шаҳрвандони зиёде ба таври нодуруст ва хилофи меъёру талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз роҳҳои сесатҳа истифода мебаранд.  Бо назардошти ин ҷиҳати бартараф ва гузарнидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳи кории таъсисдодашудаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми ҳафтаи сипаришуда амалиёти профилактикию санҷишӣ бо номи шартии «Эстакада» гузаронида шуд. Зимни ин амалиёт маълум гардид, ки шаҳрвандону ронандагони зиёде бар хилофи талаботи банди 145-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки тибқи он дар пулҳо, роҳҳои болои ҳам сохташуда, эстакадаҳо ва дар зери онҳо ба ғайр аз ҷойҳои махсуси барои таваққуф таҷҳизонидашуда, бозистодан манъ ааст, ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул мешаванд.


  Бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятию хусусӣ дидаю дониста талаботи мазкурро сарфи назар намуда, дар периметри роҳи сесатҳа ва сатҳи дуюми эстакада таваққуфи нодуруст намуда, ба фаровардану савор намудани мусофирон машғуланд, ки ин хилофи талаботҳои мазкур мебошад.
  Зимни баргузории амалиёти шартии «Эстакада» аз ҷониби кормандони бозрасӣ ва дигар бахшҳои милитсияи пойтахт зиёда аз 140-нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва хусусӣ, вобаста ба таваққуф ва бозистии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди эстакадаҳо ва аз ҷойҳои муқарарнашудаи роҳ гирифтани мусофирон ошкор карда шуд.


Аз ҷумла;
Ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер рақами қайди давлатиаш 1993 ХХ 01, Шарипов Шуҳрат Шарипович;
Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс рақами қайди давлатиаш 7273 ТТ 05, Шокиров Қосимҷон Мирович, хатсайни №25;
Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс рақами қайди давлатиаш 0276 ТТ 05, Одинаев Саймурод Қурбоналиевич, хатсайни №46 ва дигарон, ки хилофи талаботҳои ҷорӣ амал намудаанд, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои ба расмият даровардан ба мақомотҳои дахлдор ирсол карда шуданд.
  Дар баробари ронандагон боиси нигаронии амиқ он аст, ки баъзе аз шаҳрвандон махсусан сокинони биноҳои баландошёнаи атрофи эстакадаҳо низ ба қадри ин ҳама зебогию ободиҳо нарасида, хунсардона ба таври дағалона ба қоидавайронкунӣ даст мезананд.


  Чуноне мушоҳидаҳо нишон дод, шаҳрвандон ва сокинони атрофи роҳҳои сесатҳа барои убури роҳ аз гузаргоҳҳои зеризаминии ҳудуди эстакадаҳо истифода накарда, ба таври ғайриқонунӣ аз ҷойи номуайяншуда бо бавуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ роҳро убур мекунанд, ки ин амали онҳо дар бештари маврид боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои нохуш махсусан садамаҳои марговари нақлиётӣ гардидааст.
  Бояд тазаккур намуд, ки мувофиқи қоидаҳои ҷоригардида, гашту гузор, рафтуомади пиёдагардон дар ҳудуди ҳама сатҳҳои эстакадаҳо манъ буда, пиёдагардон танҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминии дар сатҳи дуюм сохташуда истифода баранд.
  Таассуфовараш он аст, ки баъзе аз шаҳрвандон дар баробари убури ғайриқонунии роҳ ҳамзамон ҷойҳои сабзкорӣ кардашуда ва гулу буттаҳои ороиширо низ поймол менамоянд, ки ин амали нодурусти онҳо аз як ҷиҳат ба косташавии симои шаҳр оварда расонад, аз ҷониби дигар аз сатҳи фарҳангу маданияти шаҳрнишинию истифодабарии роҳҳои замонавӣ гувоҳи медиҳад.


  Танҳо давоми 3-рӯзи амалиёти мазкур зиёда аз 535-ҳолати убури ғайриқонунии роҳ ва поймол намудани гулу буттаҳои ороишӣ аз ҷониби шаҳрвандон ошкор гардид, ки аксарияти онҳо сокинони биноҳои баландошёнаи атрофии эстакадаҳо ва донишҷӯёну хонандагони муаассаҳои таълимӣ мебошанд. Зимни пурсиш аксари шаҳрвандон сабаби ба чунин қоидавайронкунӣ даст заданашонро ба саросемагӣ рабт додаад, ки як лаҳзаина шитоби онҳо метавонад ба ҳодисаҳои нохӯш анҷомад.
  Дар ҷараёни баргузории амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандоне, ки дидаю дониста аз гузаргоҳхои эеризаминии ҳудуди эстакада истифода набурда роҳро аз ҷойи ғайримуқаррарӣ ва сабзазору гулҳои ороиширо поймол намуда мегузаштанд, корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ гузаронида шуда, нисбаташон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ тартиб дода шуданд.


  Вобаста ба ин роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагон, пиёдагардон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани обрую нуфуз ва симои пойтахти мамлакатамон-шаҳри Душанбе дар назди меҳмонон, сайёҳон ва сокинони он одоби шаҳрнишинӣ ва маданияти баланди шаҳрдориро риоя намуда, нагузоранд нафаре бо амалу рафтори номатлуби худ боиси харобӣ ва коста гаштани нуфузи он шаванд.
  Дар навбати худ милитсияи пойтахт ҷиҳати таъмини тартибот махсусан ба низом овардани истифодабарии роҳу нақлиёт ба таври ҳамешагӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мемонад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin