• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии волидайн барои бетартибии ноболиғон
Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии волидайн барои бетартибии ноболиғон

Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии волидайн барои бетартибии ноболиғон

  Санаи 25-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати ба ҳамдигар дарафтодани ду гурӯҳ ноболиғон инъикос ёфта, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, ба дигарон таҳдид кардааст.
  Навори мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва санҷиши ҳаматарафа қарор дода шуда, дар натиҷа содиркунандагони он муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.


  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки санаи мазкур як нафар ҷавони 17-солаи сокини деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ хонандаи курси 2-и Литсеи касбӣ-политехникӣ бо ҳамроҳии 2-нафар рафиқони худ, яке ҷавони 19-сола дигаре ҷавони 15-сола ба хотири қасдгирӣ аз хонандагони синфи 10-и МТМУ №92 н. Сино онҳоро ба муноқиша даъват кардаанд.
  Аз ҷониби дигар 4-нафар хонандагони синфи 10-и муассаи мазкур ба хотири ба қавле ҳал намудани нофаҳмиҳои ба миён омада, ба макони муайяншуда рафтаанд, ки чуноне дар навор дида мешавад, ҷавони 17-солаи сокини деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ бо корд ба онҳо таҳдид намудааст, ки ҳамагон пароканда мешаванд.


  Баъд аз ба мақомоти милитсия дастрас намудан нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои бемасъулиятӣ ва ҳунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд. Ҳамзамон ҷиҳати дар оянда ба чунин кирдори зиддиқонунӣ даст назадан номбурдагон ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin