Таҳқиқи навор: Боздошт ва ҷаримабандии ронандаи «Форсаж»

Таҳқиқи навор: Боздошт ва ҷаримабандии ронандаи «Форсаж»

  Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он бо суръати баланд ба муқобили самт идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби як нафар ронанда инъикос ёфтааст, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин қоидавайронкунии ронандаро ба филми «Форсаж» нисбат дода, мавриди вокуниши шадид қарор додаанд. Ҳамзамон корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ирсоли ин навор аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост кардаанд, то нисбати ронандаи воситаи нақлиёти мазкур чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Муроҷиати мазкур таҳти баррасӣ ва санҷиши ҳаматарафа қарор дода шуда, дар натиҷа шахсияти ронандаи автомашинаи мазкур муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Ин нафар шаҳрванд Пиров Аҳлиддин Одилович соли таваллудаш 1995 сокини н. Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Ваз-21101» рақами қайди давлатиаш 7360 JJ 01 мебошад.


  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати номбурда бо моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.
  Ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надодан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin