• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Амалиёти БДА: Чораандешӣ нисбати 51-ронандаи автомашинаҳои боркашон ва 7-ширкати сохтмонӣ барои риоя накардани қоидаҳои сохтмонию боркашонӣ
Амалиёти БДА: Чораандешӣ нисбати 51-ронандаи автомашинаҳои боркашон ва 7-ширкати сохтмонӣ барои риоя накардани қоидаҳои сохтмонию боркашонӣ

Амалиёти БДА: Чораандешӣ нисбати 51-ронандаи автомашинаҳои боркашон ва 7-ширкати сохтмонӣ барои риоя накардани қоидаҳои сохтмонию боркашонӣ

  Тайи солҳои охир бо иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як қатор лоиҳаҳои таъмиру таҷдид ва азнавсозии кӯчаву роҳҳои автомобилгард, ки фаъолияти бехатар ва бо таҳкими системаи нақлиётиро дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт таъмин менамояд амалӣ гашта истодаанд. Дар баробари ин баъзе омилҳое вуҷуд доранд, ки ба бармаҳал вайроншавии кӯчаву роҳҳо ва косташавии онҳо мусоидат мекунанд.


  Ҷиҳати беҳдошт бахшидан ба ҳолати техники кӯчаву роҳҳои автомобилгарди пойтахт, ба ҳолати бехатар мувофиқ гардонидан, риояи қоидаҳои боркашонӣ тавассути автомобилҳои боркаш, пешгирии ҳолатҳои истифодабарии нақлиётҳои ифлос, кашонидани борҳои пошхуранда бе пардаҳои ҳимоявӣ, ифлос намудани қисми мошингарди роҳ, ба вуҷуд овардани монеаҳои сунъӣ дар қисми мошингарди роҳ, таъмин накардани мустаҳкамии бордон ва асбобҳои мустаҳкамкунанда, худсарона бе иҷозати мақомоти дахлдор забт намудани роҳи пиёдагузар воқеъ дар назди биноҳои сохташаванда аз тарафи баъзе ҷамъиятҳои сохтмонӣ тибқи нақшаи таҳиягардида аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаҳои пойтахт шуруъ аз 28-уми сентябр то кунин чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шудаистодааст.
  Зимни гузаронидани чорабиниҳои мазкур аз тарафи ҳайати шахсии ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва амалӣ намудани корҳои назоратӣ, дар маҷмуъ нисбати 51 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашонӣ, чиҳати риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба мақомотҳои дахлдор ирсол гардиданд.
Аз ҷумла:
Кашонидани борҳои пошхуранда ва бе пардаҳои ҳимоявӣ 46 – далел;
Ифлос намудани қисми мошингарди роҳ ва ба вуҷуд овардани монеаи сунъӣ дар роҳ 5-далел;
Риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин, ки ба вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард оварда мерасонад 1-далел;
  Илова бар ин ба роҳбарони 7 иншоотҳои сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна аз ҷумла;
  Иншооти сохтмони бинои баландошёна воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ №5, пудратчии асосӣ ҶДММ «Каюмарс – Сохтмон» роҳбараш Музаффаров Салмон барои эҷод намудани монеа сунъӣ, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт гардидааст;


  Иншооти сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ №3 пудратчии асосӣ ҶДММ «Муҳаммадҷон 1997», роҳбараш Салимов Баҳодур барои ташкил накардани нуқтаи шустушӯи салачархҳои воситаҳои нақлиёти боркаш;


  Кӯчаи С. Айнӣ №58, пудратчии асосӣ ҶДММ «Бухоро палас» барои бе оҷозати мақомоти дахлдор худсарона ташкил намудани даромадгоҳ барои воситаҳои нақлиёт;


  Кӯчаи С. Айнӣ №62 ва кӯчаи А. Дониш, пудратчии асосӣ ҶДММ «Баҳор 97» роҳбараш Раҳмонов Аслиддин барои худсарона маҳкам кардани роҳи пиёдагузар тавассути панҷараҳои оҳанин ва ташкил накардани нуқтаи шустушуи воситаҳои нақлиёт;


  Кӯчаи Т. Пӯлодӣ №13 пудратчии асосӣ ҶДММ «Масъуд 2010», роҳбараш Сафаров Муҳаммадраҷаб, барои ба вуҷуд овардани монеъаи сунъӣ дар қисми мошингарди роҳ ва нагузоштани аломати роҳ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ;


  Кӯчаи М. Турсунзода 19 пудратчии асосӣ ҶДММ «Акбар-текстил», роҳбараш Бурҳонов Саидвалӣ барои худсарона ва бе иҷозати мақомотҳои дахлдор маҳкам кардани таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва корношоям гардонидани роҳи пиёдагард дар назди даромадгоҳи сохтмони бинои баландошёна, ба ҳамаи ширкатҳои номбаршуда ҷиҳати ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида амрномаҳои БДА супорида шуданд.


  Роҳбарияти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе аз масъулини корхонаву идораҳои сохтмонӣ новобаста аз шакли моликияташон талаб менамояд, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқоли бору масолеҳи сохтмонӣ ҳамаҷониба талаботҳо ва меъёрҳои корҳои сохтмониро қатъиян риоя намоянд. Бояд гуфт, ки чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби милитсия мунтазам дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт идома дода мешавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin