• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати соҳибмулки қаҳвахона
Таҳқиқи навор: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати соҳибмулки қаҳвахона

Таҳқиқи навор: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати соҳибмулки қаҳвахона

  Як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе ба унвонии роҳбарияти мақомоти милитсия пойтахт дар он хусус муроҷиат намуд, ки нисбати соҳибмулки қаҳвахонаи «Ҷокер», ки дар кӯчаи Н. Қарабоеви н. Фирдасии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда ӯро шаби 18-уми сентябри соли ҷорӣ барои пардохт карда натавонистани маблағи иҷораи қаҳвахонаи мазкур мавриди латукуб қарор дода, ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, нафари гумонбар дастгир карда шуд. Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ҳайдаров Илҳом Собирович санаи таваллудаш 13-уми апрели 1997, истиқомтакунандаи ш. Душанбе кӯчаи Деҳотӣ, соҳибмулки қаҳвахонаи мазкур мебошад.

  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда қаҳвахонаи худро ба ҷавонзани муроҷиаткунанда ба иҷора дода, санаи мазкур барои гирифтани маблағ ба он ҷо рафтааст. Аз он сабаб, ки ҷавонзани муроҷиаткунанда маблағи иҷораро ба пуррагӣ пардохт карда наметавонад, шаҳрван Ҳайдаров Илҳом ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, ҳамзамон мавриди латукуб низ қарор додаст.
  Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида, нисбати гумонбаршаванда Ҳайдаров Илҳом бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin