• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси ҷавон барои кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва таҳқири ҷавонзан (Видео)
Ҳабси ҷавон барои кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва таҳқири ҷавонзан (Видео)

Ҳабси ҷавон барои кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва таҳқири ҷавонзан (Видео)

  Санаи 7 август дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он ба иттилои муроҷиаткунанда як нафар ҷавонписари 22 сола бо рафтори дағалона ҷавонзани муроҷиаткунандаро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бо гуфтани алфози қабеҳ шаъну шарафи охиронро дар ҳузури дигарон паст задааст.


  Тавре дар навор дида мешавад, ҷавонзан пеш аз он ки ҳаракатҳои авбошонаи ҷавонписари дағалгуфторро сабт намояд, ӯро огоҳ мекунад, ки кирдорҳои зиддиҳуқуқиашро ба навор гирифта барои баррасӣ ба мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод менамояд. Аммо, дар ҷавоб ҷавонписари дағалгуфтор суханҳои ғайриахлоқӣ зада, бар замми ин муроҷиаткунандаро таҳдид ба латукуб мекунад.
  Бо мақсади баррасии муроҷиати мазкур кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба таври фаврӣ чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ доир намуда, баъди муайян намудани шахсият ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд, ки номбурда Ибрагимов Умарҷон Шералиевич соли таваллудаш 27 августи 1998, истиқоматкунандаи кӯчаи Яккачинор мебошад.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастгиршуда Ибрагимов Умарҷон санаи 5 август барои гирифтани баъзе намуд ҳуҷҷатҳои расмӣ ба Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе рафта, бе ягон сабаб нисбати корманди муассиса, ҷавонзани муроҷиаткунанда дашному ҳақоратҳои қабеҳ зада, оромӣ ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.


  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҷавони дағалгуфтор Ибрагимов Умарҷон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд аз санаи 8-уми августи соли ҷорӣ нисбати дастгирушда Ибрагимов Умарҷон ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin