• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқ ва ҳабс: Дар ҳолати мастӣ қарор доштани ҷавондухтар сабаби муноқиша гардид
Таҳқиқ ва ҳабс: Дар ҳолати мастӣ қарор доштани ҷавондухтар сабаби муноқиша гардид

Таҳқиқ ва ҳабс: Дар ҳолати мастӣ қарор доштани ҷавондухтар сабаби муноқиша гардид

  Санаи 17-уми августи соли соли ҷорӣ дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он аз ҷониби як нафар ҷавонписар кашолакунон бурдани ҷавондухтар, ки дар ҳолати беҳушӣ дар канори роҳ хобида буд, инъикос ёфтааст. Тибқи иттилои муаллифи навор ҳодисаи мазкур тахминан соати 3-и шаби санаи 16.08.2020 дар кӯчаи Маяковский, назди мағозаи Эҳсон рух дода, ҷавонписар ҷавондухтарро мавриди латукуб қарор додаааст, ки дар натиҷа ҷавондухтар аз ҳуш рафта, ба замин афтодааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда, дар натиҷа шахсияти нафарони дар навор инъикосёфта муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
Инҳо шаҳрвандон;
Боев Умед Раҳмоналиевич санаи таваллудаш 04.05.1994 истиқоматкунандаи кӯчаи айнии шаҳри Душанбе;


Дустова Фотима Қарахоновна соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат;


мебошанд.
  Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидону дастгиршудагон муайян карда шуд, ки ин ду нафар бо ҳам робита ва ошноӣ дошта, қаблан низ миёнашон нофаҳмиҳои лафзӣ ва муноқиша вучуд доштааст. Аз ҷумла санаи мазкур ҷавондухтари дар навор инъикосёфта шаҳрванд Дустова Фотима аз сабаби нушидани аз ҳад зиёди машрубот дар ҳолати сахти мастӣ қарор дошта, ҳангоми ҳаракат ба замин афтодааст. Бо ин сабаб дастгиршуда Боев Умед ба ғазаб омада, ҷавондухтарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва ӯро мавриди лату куб қарор додаст.
  Вале зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҳолати дар навор инъикосёфта, ки ҷавонписар Умед Боев ҷавондухтар Дӯстова Фотимаро кашола мекунад, аз зарби латукӯб беҳуш шудани ҷавондухтар набуда, балки аз ҳисоби дар ҳолати вазнини мастӣ қарор доштани ҷавондухтар вобастагӣ доштааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Боев Умед парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд. Ҳамзамон нисбати ҷавонзан Дустова Фотима низ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin