• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Ҳабс ва ҷаримабандии ҳамсоягон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ
Таҳқиқи навор: Ҳабс ва ҷаримабандии ҳамсоягон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

Таҳқиқи навор: Ҳабс ва ҷаримабандии ҳамсоягон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

  Эҳтироми ҳамдигарию пос доштани ҳамсоядорӣ яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба ҳисоб рафта, шахси дорои чунин рафтор дар ҷамъият воломақому пурэҳтиром мегардад.
  Мутаассифона чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд вақтҳои охир аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандон содир гардидани амалу кирдоре, ки боиси коста гардидани обрую этибори инсонӣ ва вайрон гардидани одоби шаҳрдорӣ мегардад ба мушоҳида мерасанд, ки воқеан боиси ниигаронист.
  Аз ҷумла, чанд рӯз қабл дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва суханони қабеҳу гушношуниди як нафар ҷавонзан ва муноқишаи ӯ бо як нафар ҷавонписар инъикос ёфта, мавриди вокуниши сахту манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифт.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе тамоми чораҳои дахлдор андешида шуда, дар натиҷа нафарони гумонбар муайяну боздошт ва сабабу омилҳои сар задани ҳодисаи мазкур ошкор карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки муддати тулонист байни ду ҳамсоя сокинони кӯчаи Ҳисори н. Синои ш. Душанбе муноқиша ва нофаҳмиҳои ҳамсоядорӣ вуҷуд дошта, доимо байни ин ду ҳамсоя муноқишаҳои лафзӣ ба миён меомадааст.
  Аз ҷумла санаи 20-уми августи соли ҷорӣ тахминан соати 14:00 дақиқа шаҳрванд Каримзода Далер Карим санаи таваллудаш 16.08.2000 истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи мазкур бо ҳамсоягони худ муноқиша намуда, нисбаташон суханони қабеҳ гуфтааст.


Пас аз он шаҳрвандон:
Раҳимова Мавзуна Шукуровна санаи таваллудаш 23.07.1986. истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Ҳисор бинои 77;


ва модараш шаҳрванд, Олимова Шарофат Хайрулоевна санаи таваллудаш 08.02.1950. истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳисор бинои 77, ба таври дағалона ба шаҳрванд Каримзода Далер дарафтода ӯро мавриди таҳқиру дашном қарор додаанд, ки бо ин кирдорашон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, боиси халалдор гаштани осоиштагии шаҳрвандон шудаанд.
  Дар натиҷаи пурсиши дастгиршудагону шоҳидон муайян карда шуд, ки дар баробари ҷавонзани дашномкунанда, ки амалу рафтои нописанди ӯ дар навор инъикос ёфтааст, ҷурми шаҳрванд Каримзода Далер низ кам набуда, ӯ низ ба таври ҳамешагӣ нисбати модари ҳамсояи худ, яъне шаҳрванд Олимова Шарофат беэҳтиромӣ зоҳир мекардааст. Аз ҷумла санаи мазкур низ нахуст Каримзода Далер нисбати номбурда беэҳтиромӣ намуда, сабабгори сар задани ин муноқиша шуда, ҳолати ҷаҳлу ғазаб ва амалу суханони қабеҳи ҷониби муқобилро наворбардорӣ намудааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳамаи дастрасшудагон тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба Суди н. Сино ирсол карда шуда, санаи 25-уми августи соли ҷорӣ Суд нисбати шаҳрванд Каримзода Далер ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин намуд.
  Нисбати шаҳрвандон Раҳимова Мавзуна бо назардошти дар тарбияи худ доштани тифли хурдсол шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбати модараш шаҳрванд Олимова Шарофат бошад ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin