Садамаи ронандаи ноболиғ дар заминаи суръатафзоӣ (Видео)

Садамаи ронандаи ноболиғ дар заминаи суръатафзоӣ (Видео)

  Тибқи таҳлилҳо дар бештари маврид садамаҳои нохуши роҳу нақлиёт дар заминаи риоя накардани талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан дар натиҷаи бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ба амал меояд.
  Аз ҷумла чунин як ҳодиса нохуши нақлиётӣ санаи 16-уми августи соли ҷорӣ тахминан соати 16:30 дақиқа дар назди меҳмонхонаи «Хайат Реҷенси»-и ш. Душанбе рух додаст, ки навори он ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ роҳ ёфта, мавриди вокуниши шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ аломати қайди давлатиаш 2002 LL 01 ноболиғ Ғ.Ш. соли таваллудаш 2002 истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии ш. Душанбе ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Сомонӣ аз самти кӯчаи Шероз ба самти кӯчаи Варзишгарон дар ру ба рӯи меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенси»-и шаҳри Душанбе аз сабаби суръатафзоӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромадааст. Дар натиҷа ба симчӯби канори роҳ бархурда, баъдан қисми сабзазори канори роҳро зер намудааст.
  Ҳамзамон муайян карда шуд, ки ронандаи ноболиғ шаҳрванд Ғ.Ш. бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиётро идора мекардааст. Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбаташ маводҳои лозима тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin