• Home »
  • Гумшудагон »
  • Милитсия ҷустуҷӯ дорад: Барои пайдо намудани Замирамоҳ Ҳайдарова кӯмак намоед!
Милитсия ҷустуҷӯ дорад: Барои пайдо намудани Замирамоҳ Ҳайдарова кӯмак намоед!

Милитсия ҷустуҷӯ дорад: Барои пайдо намудани Замирамоҳ Ҳайдарова кӯмак намоед!

    Шаҳрванд Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна соли таваллудаш 23.06.1991, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ санаи 28 декабри соли 2017 аз хонаи истиқоматиаш баромада, ба самти номаълум ғайб задааст.
Аз санаи мазкур то инҷониб тамоми қувваю воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ барои дарёфти шаҳрванд Ҳайдарова Замирамоҳ сафарбар карда шуда, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон ва ҳамватанон дар дохилу хориҷи кишвар эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати ягон маълумот доштан оид ба мавзеи будубоши ҷавонзани 29 сола Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар диҳанд.
Нишонаҳои зоҳирии шаҳрванд Ҳайдарова Замирамоҳ: қадаш 160 см; мӯи сараш зард (ҳангоми аз хона баромаданаш) ва эҳтимол аст, ки тағйир ёфта бошад; абрувонаш сиёҳ; бинӣ, лаб ва гушҳояш муқаррарӣ.

Телефон барои иртибот: 22-15-42 (факс); 221-00-57; 236-22-38; +992-904-01-00-02, +992-901-10-55-75.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin