• Home »
  • ХАБАР »
  • Занакҷанг: Боздошт ва оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати занони авбош барои муноқишаи гуруҳӣ
Занакҷанг: Боздошт ва оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати занони авбош барои муноқишаи гуруҳӣ

Занакҷанг: Боздошт ва оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати занони авбош барои муноқишаи гуруҳӣ

  Санаи 6 август дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он лаҳзаи латукӯби як нафар ҷавонзан аз ҷониби гуруҳи 5-6 нафараи занон инъикос гардида, гуруҳи занони авбош бар замми он, ки ҷабрдидаро латукуб намуда истодаанд, боз аз дашному ҳақоратҳои қабеҳ истифода намуда, тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона дағалона вайрон ва оромии сикононро халадор намудаанд.


  Бо супориши бевоситаи роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати муайян намудани шахсияти нафарони дар навор инъикосгардида ва дақиқ намудани сабабу омилҳои ба авбошии занон мусоидаткунанда дар давоми рӯз кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-тафтишотӣ баргузор намуда, сипас ҳамаи нафарони дар навор инъикосгардидаро дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас намуданд.
Инҳо:
Ҳакимзода Шаҳноза соли таваллудаш 15.05.1990, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, соли 2018 бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (дузди дар ҳаҷми калон) судшуда;
Шарипова Дилбар Ҳусейнова соли таваллудаш 07.09.1987, сокини шаҳри Кулоб, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе;


Холова Садафмо Мирзоевна соли таваллудаш 16.13.1991 сокини шаҳри Ҳисор, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе.


  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 6 август тахминан соатҳои 4 ба 5-и саҳарӣ нафарони дастгиршуда ҳангоми қарордошт дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бо маслиҳати пешакӣ аз ҳиссиёти авбошӣ ва бадбинӣ нисбат ба шаҳрванд Назирова Саодат Рустамовна соли таваллудаш 31.10.1997, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Хуҷандӣ охиронро дар ҳайати гуруҳӣ ва ба таври ваҳшиёна мавриди латукуби шадид қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.


  Бо назардошти ҳолати мазкур ҳоло нисбати ҷавонзанони авбош, боздоштшудаҳо Ҳакимзода Шаҳноза, Шарипова Дилбар ва Холова Садафмо тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои тафтишотӣ оид ба муайян намудани дигар нафарони дар ҷинояти мазкур дастдошта идома дорад.
Илова бар ин, айни ҳол аз ҷониби мақомоти милитсияи пойтахт нисбати 2 нафар ҷавонзанони дигар:


Балосова Зуҳро Бобомуродовна соли таваллудаш 31.10.1975, сокини ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Сарикиштӣ, деҳаи Чортути поён;


Розиқова Башорат Сидиқовна соли таваллудаш 10.07.1998 сокини ноҳияи Варзоб, деҳаи Тагоб, ки дар вақти муноқиша дар ҷои ҳодиса қарор доштаанд, ба ҳайси шоҳид ва иштирокчӣ мавриди пурсиш қарор дода шуда, дар сурати исботи даст доштани онҳо ба ҳодисаи мазкур нисбати онҳо низ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin