• Home »
  • ХАБАР »
  • Бартараф намудани ҳолати ташвишовари партовгоҳ
Бартараф намудани ҳолати ташвишовари партовгоҳ

Бартараф намудани ҳолати ташвишовари партовгоҳ

  Чанд рӯз қабл як нафар шаҳрванд сокини пойтахт тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе наворе ирсол намуд, ки дар он ҳолати бетратибу парешон ва пур аз партов будани партовгоҳи воқеъ дар кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, назди Донишкадаи забонҳо ба номи С. Улуғзода инъикос ёфтааст. Бо ирсоли ин навор муроҷиаткунанда аз мақомоти корҳои дохилӣ дархост намуд, ки ҳолати мазкур бартараф ва мавриди санҷиш қарор дода шавад.


  Ҷиҳати баррасии муроҷиати мазкур нозирони минтақавии милитсияи маҳаллаи мазкур сафарбар карда шуда, дар якҷоягӣ бо масъулини Муассисаи партовкашонии ноҳияи Сино партовгоҳи мазкур тоза ва ҳалати ҳузнангези дар навор инъикосёфта бартараф карда шуд. Ҳамзамон ҷиҳати дар оянда ба чунин кашолкорӣ роҳ надодан ва саривақт кашонидани партовҳо масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.


  Бо истифода аз ин фурсат аз кулли шаҳрвандон ва сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои беҳдоштӣ, одобу маданияти шаҳрнишинӣ ва тарзи дуруст партофтани партовҳои маиширо дар патовгоҳҳо риоя намуда, нагузоранд то муҳити атроф олуда ва боиси паҳн гаштани ҳаргуна буйи ғализу бемориҳои сироятӣ гарданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin