• Home »
  • ХАБАР »
  • Идомаи фаъолияти гурӯҳи корӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус COVID-19
Идомаи фаъолияти гурӯҳи корӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус COVID-19

Идомаи фаъолияти гурӯҳи корӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус COVID-19

  Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва намояндгони Сарраёсати маорифи шахри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута дар боғи ба номи С.Айнӣ ҷаласаи сайёри гурӯҳи корӣ оид ба тақвияти корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 доир карда шуд.


  Зимни мулоқот аз фаъолияти кории гурӯҳҳо натиҷагирӣ карда шуда, вобаста ба идомаи тадбирҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
  Сипас гурӯҳҳои корӣ фаъолияти худро дар маконҳои муайянгардида бо ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти ниқобҳои муҳофизатии тиббии ройгон ба роҳ монданд.


  Мавриди зикр аст, ки кормандони милитсияи пойтахт низ ба ҳайати гурӯҳҳои корӣ шомил буда, ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тарғибу ташвиқи василаҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин бемории ҳамагир кору амалиётҳои профилактикиро дар байни сокинону меҳменони пойтахт ҳамаҷониба ба роҳ мондаанд. Метавон гуфт, ки танҳо ҳамаи мо шаҳрвандон дар ҳамбастагӣ метавонем ба ҳар мушкилоте аз ҷумла ин бемории сироятӣ ғолиб омада, саломатии худ ва аҳли хонадони худро нигоҳ дорем.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin