Боздошти ҷавонмарди 30 сола барои кирдорҳои бадахлоқона нисбати ҷавонзани роҳгузар

Боздошти ҷавонмарди 30 сола барои кирдорҳои бадахлоқона нисбати ҷавонзани роҳгузар

  Санаи 12-уми июли соли ҷорӣ як нафар ҷавонзани сокини пойтахт тавассути сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ирсоли 2-адад расми автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, аломати қайди давлатиаш 0509 ВТ01, аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ҷавонписаре, ки дар автомашинаи мазкур нишаста, нисбати ӯ суханони қабеҳ зада, шаъну шарафашро паст задааст, чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чораҳои дахлдор роҳандозӣ карда шуда, худи ҳамон рӯз автомшаинаи тамғаи Мерседес-Бенс, аломати қайди давлатиаш 0509 ВТ01, ки ба шаҳрванд Ҳошимов Муҳиддин Маҳмадалиевич соли таваллудаш 25.05.1981, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Гипрозем тааллуқ дорад, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки кирдорҳои ғайриахлоқиро нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда на соҳибмулки автомашина, балки, рафиқ ва мусофири ӯ шаҳрванд Оев Қосим Раҳматович соли таваллудаш 04.06.1990, сокини ноҳияи Шохмансур, кучаи Р. Ҷалил содир намудааст. Дар натиҷа, санаи 28 июл баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудан, шаҳрванд Оев Қосим иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи мазкур ҳангоми дар суроғаи маҳалли 91-уми шаҳри ноҳияи Сино қарор доштанаш нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дағалрафторӣ намудааст.


  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Оев Қосим барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳуқми Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin