• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти “Корд”: Боздошти сарчашма ва мусодираи 27 адад электрошокер, дастчӯби оҳанин ва кордҳои махсус (финка)
Амалиёти “Корд”: Боздошти сарчашма ва мусодираи 27 адад электрошокер, дастчӯби оҳанин ва кордҳои махсус (финка)

Амалиёти “Корд”: Боздошти сарчашма ва мусодираи 27 адад электрошокер, дастчӯби оҳанин ва кордҳои махсус (финка)

  Дар доираи амалиёти шартии «Корд», ки аз ҷониби милитсияи пойтахт роҳандозӣ карда шудааст, ахиран дар шаҳри Душанбе як нафар сарчашма, яъне паҳнкунандаи чунин ашёҳо муайяну дастгир карда шуд.


  Ин нафар шаҳрванд Слезен Дидор Сорбонович соли таваллудаш 12. 05. 1995 истиқоматкунандаи н. Фирдавсӣ, кӯч Наврӯз мебошад, ки ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард аз ҷумла корд машғул будааст.


 Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ба фурӯш мегузоштааст. Дар ҷараёни амалиёт аз ӯ миқдори зиёди предметҳои ба сифати силоҳи сард истифдашванда аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус дарёфту мусодира карда шуданд.
   Мавриди зикр аст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

   Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Слезан Дидор барои ба таври ғайриқонунӣ ба фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифода шаванда машғул шудан, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.
   Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар, ба маълумоти кулли шаҳрвандон мерасонад, ки милитсияи пойтахт ҷиҳати мубориза бар зидди амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мешаванд то пурра аз байн бардоштани ин омили номатлуб муборизаи беамон мебаранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin