• Home »
  • ХАБАР »
  • Санҷиши навор: Қазияи «суиқасди дуздидани ноболиғ» мавриди таҳқиқ қарор гирифт
Санҷиши навор: Қазияи «суиқасди дуздидани ноболиғ» мавриди таҳқиқ қарор гирифт

Санҷиши навор: Қазияи «суиқасди дуздидани ноболиғ» мавриди таҳқиқ қарор гирифт

  Санаи 14 июн дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори ҳаракати автомашинаи сабукрав аз қафои як нафар писарбачаи ноболиғ дар ҳудуди кӯчаи Зайнаббибии шаҳри Душанбе паҳн гардида, дар байни корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна овозаҳоро ба бор овардааст. Ба иттилои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуё зимни ҳаракати ҷавонписари ноболиғ дар кӯчаи мазкур автомашина ӯро пайгирӣ намуда, нафарони дар дохили он ҳузурдошта суиқасди рабудани писарбачаро намудаанд, ки дар натиҷа писарбачаи ноболиғ аз дасти онҳо раҳоӣ ёфта ба манзили истиқоматиашон паноҳ бурда бошад.


  Вобаста ба маълумоти мазкур ва санҷиши ваҷҳҳои дар навор инъикосгардида аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, автомашинаи дар навор инъикосгардида муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, ки тамғаи «Тайота Версо» буда, аломати қайди давлатиаш 6000ВН01 ва ба шаҳрванд Хушов Сайдалӣ Муҳидович соли таваллудаш 1957, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Қазоқон таалуқ дорад. Дар натиҷа зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Хушов Сайдалӣ бо ҳамроҳии ҳамсар ва як нафар устои таъмири телевизион ҳангоми ба хонаи духтараш, ки дар кӯчаи Занаббибӣ қарор дорад, сафар намудан, бо мақсади харидорӣ намудани ноқили (кабел) телевизионӣ ба мағоза медароянд.
  Дар ҳамин ҳол писарбачаи 11 сола Азизов Мансур, ки ӯ низ барои харидани шакар ба мағоза ворид гардида буд, баъди харидорӣ намудан ба манзили истиқоматиашон бозмегардад. Шаҳрванд Хушов низ баъди харидани ноқил (кабел)-и телевизионӣ ба хонаи духтараш равона мегардад, ки хонаи духтараш дар ҳамсоягии ҷавонписари хурдсол дар кӯчаи Зайнаббибӣ қарор дорад.


  Ҳангоми бозгашт ҷавонписари хурдсол фикр мекунад, ки автомашинаи мазкур ӯро дунболагирӣ дошта, нафарони номаълум мехоҳанд бидузданд. Бо чунин гумон писарбача гирён шуда, роҳ сӯи хонаи истиқоматиашон медавад. Ҳолати мазкурро ронандаи автомашина Хушов Сайдалӣ дида, фикр мекунад, ки ӯро ягон нафар мавриди ҳамла ва латукуб қарор додааст. Бо ин мақсад ронанда Хушов автомашинаашро манъ карда, ба писарбача ёри доданӣ мешавад, ки ҷавонписари хурдсол ба ӯ гуш накарда, гирён ба хонааш медавад.
  Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати санҷишии пурра ва ҳамаҷонибаи ҳолати кор худи хурсол Азизов Мансур, падараш Азизов Азим, ронандаи автомашина Хушов Сайдалӣ ва дигар нафарон ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуда, баъди равшан шудани ҳолати воқеии ҳодиса ва аз байн рафтани ҳамдигарнофаҳмии бавуҷудомада, ҷонибҳо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ба хонаҳои худ баргаштанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin