• Home »
  • ХАБАР »
  • Идомаи амалиёти шартии «Наврас»: Ошкорсозии ҳолатҳои оворагардии ноболиғон
Идомаи амалиёти шартии «Наврас»: Ошкорсозии ҳолатҳои оворагардии ноболиғон

Идомаи амалиёти шартии «Наврас»: Ошкорсозии ҳолатҳои оворагардии ноболиғон

  Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти профилактикию фаҳмондадиҳӣ бо номи шартии «Наврас» ҷараён дорад. Мақсад аз баргузории он пеш аз ҳама пешгирии оворагардию кӯчагардии ноболиғон, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва огоҳонидани шаҳрвандон аз оқибатҳои бемории коронавируси Ковид-19 мебошад.
  Амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт дар якчанд марҳила баргузор карда шуд. Аз ҷумла дар марҳилаи навбатӣ танҳо дар давоми як рӯзи баргузории он дар кӯчаҳои пойтахт, аз ҷониби кормандони милитсия 51-ҳолати ба амалу кирдорҳои ношоям машғул шудани ноболиғон ба қайд гирифта шуданд.


  Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи қонунгузорӣ истифодаи ноболиғон барои иҷрои корҳои вазнин, ки ҳанӯз хуб инкишоф наёфтаанд, аз ҷониби волидайн ва дигар ашхоси онҳоро ивазкунанда манъ мебошад. Кӯдакону наврасон бештар бояд ба омӯзишу аз бар намудани илму дониш машғул шаванд. Ҳамзамон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавируси Ковид-19 хонандагон пеш аз муҳлат ба таътили тобистона баромадаанд, то камтар ба берун бароянду саломатии худро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ нигоҳ доранд, зеро кӯдакону наврасон интиқолдиҳандаи беморӣ аз кӯча ба хона мебошанд. Вале чуноне мушоҳидаҳо нишон дод, мутаассифона бархе ноболиғон аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, ба кӯчагардӣ ва дигар амалҳои ношоям машғуланд.
  Аз ҷумла дар ҷараёни амалиёти мазкур 6-ҳолати савдои кӯчагӣ, 3-ҳолати талбандагӣ, 3-ҳолати дуд додани испанд, 1-ҳолати оворагардӣ ва мошиншӯӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда инчунин дигар ҳолатҳои ба ин монанд, ки заҳмати ҷисмонии ноболиғон истифода мешуд ошкору муайян карда шуданд. Кормандони мақомоти милитсия бо ҳамаи ин нафарон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамзамон нисбати 27-нафар волидайн барои бемасъулиятӣ ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояшон дар назди фарзанд ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.


  Бояд гуфт, ки ҳамаи ин амалиёту корҳои фаҳмондадиҳӣ танҳо ба хотири баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатии сокинон равона шудааст. Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон махсусан волидайн хоҳиш менамояд, ки нисбати ояда ва саломатии фарзандони худ бетафовут набошанд ва нагузоранд фарзандони онҳо ба кӯчагардиву амалу кирдорҳои ношоям машғул шаванд. Зеро танҳо насли солиму бо маърифат ва дорои илму дониш метавонад ояндаи дурахшони худро бунёд созад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin