Боздошти ронандаи фирорӣ

Боздошти ронандаи фирорӣ

  Санаи 31-уми майи соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи шахсияташ номаълум шаҳрванд Саъдуллоева Холбӣ Маҳмадаминовна соли таваллудаш 1986, истиқомтакунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортутро ҳангоми ба фаъолияти роҳрубӣ дар кӯчаи Н. Қарабоев машғул будан бо автомашинааш пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Кормандони мақомоти милдитсияи пойтахт дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаро муайян намуда, автомашинаашро ба Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд.
  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7222 СМ 01, шаҳрванд Алиев Сангмаҳмад Валиевич соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут мебошад, ки дар ҳақиқат 31-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 03:10 дақиқа ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёташ дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷавонзани роҳрӯбро пахш намудааст. Номбурда ба ҷойи он ёрии амалии худро ба ҷабрдида расонад, баръакс худсарона ҷойи ҳодисаро тарк намудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои дахлдор тартиб дода шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.1
 Айни замон ҷабрдида, Саъдуллоева Холбӣ баъд аз муоинаи табибон ба хонааш рухсат дода шуда, саломатиаш хуб мебошад.

Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin