Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи нақлииётӣ

Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи нақлииётӣ

  Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони гаронарзиши аз хориҷи кишвар воридгардида ба симои пойтахт ҳусни дигар зам намудааст.
  Мутаассифона дар ин раванд, баъзе аз шаҳрвандон махсусан баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, дар баробари вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳамзамон нисбати ин зебоиҳо хунукназарона рафтор мекунанд.
  Мавриди зикр аст, ки санаи 30-юми майи соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс рақами қайди давлатиаш 0845 ЕМ 01 шаҳрванд Раҷабов Умарҷон Тоҷиддинович соли таваллудаш 30. 07. 2001, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Қаҳҳоров, ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи «Наврӯзгоҳ» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороишии бо номи «Каштан»-ро шакастааст.
  Нисбааш тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin