• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Амалиёти шартии «Ёрии таъҷилӣ»: Боздошти ронандагоне, ки зимни ҳаракат ба автомашинаи Ёрии таъҷилӣ монеъгӣ намуданд (Навор)
Амалиёти шартии «Ёрии таъҷилӣ»: Боздошти ронандагоне, ки зимни ҳаракат ба автомашинаи Ёрии таъҷилӣ монеъгӣ намуданд (Навор)

Амалиёти шартии «Ёрии таъҷилӣ»: Боздошти ронандагоне, ки зимни ҳаракат ба автомашинаи Ёрии таъҷилӣ монеъгӣ намуданд (Навор)

  Саҳми кормандони соҳаи тандурустӣ дар нигоҳ доштани ҷомеаи солим бузург ва назаррас буда, ҷиҳати дастгирии моддиву маънавӣ, муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ, воридоту мавриди истифода қарор додани таҷҳизоти муосири тиббиву табобатӣ ва ба ин васила расонидани ёрии таъҷилии босифати тиббӣ ба аҳолӣ пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешавад. Яке аз хадамотҳои махсуси соҳаи тандурустӣ ин «Хадамоти ёрии таъҷилӣ» мебошад, ки фаъолияти он ба самти расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ ва ба таври фаврӣ сафарбар намудани бригадаи духтурон ба даъвати беморон нигаронида шудааст.
  Баъди ба қайд гирифтани аввалин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандон ба бемории сироятии коронавируси нави КОВИД-19 дар кишвар фаъолияти Хадамоти ёрии таъҷилии беморхонаҳои пойтахт низ густардатар гардида, кормандони он бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои расонидани ёрии аввалини босифати тиббӣ бо даъвати шаҳрвандон ба хонаҳои беморон сафарбар карда шуданд. Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба парки техникии Беморхонаи ёрии таъҷилӣ воситаҳои нақлиёти махсуси нав ворид карда шуда, барои духтурону кормандони соҳа барои расонидани ёрии фаврӣ ва таъҷилии тиббӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт ҳамаи шароитҳои корӣ фароҳам оварда шудааст.


  Чи тавре таъкид гардид, вазифаи аввалиндараҷаи ин Хадамот ба таври бечунучаро ва фаврӣ расонидани гуруҳи духтурон ба хонаи беморон мебошад, ки бино ба иттилои масъулин ҳангоми сафарбарии бригада бо автомашинаи махсус новобаста аз фурузон будани чарощаки шуълавари ранги кабуд ва истифодаи сигналҳои махсус дар роҳ ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Монеъгӣ намудан ба ҳаракати бемамониати автомашинаи Ёрии таъҷилӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсӣ, мусофиркашонӣ ва ҳатто хизматӣ ва нодуруст гузоштани воситаҳои нақлиёт дар даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ аз мушкилоти асосии соҳа ба ҳисоб меравад. Ин ду омил агар аз як ҷониб вақти боарзиши бемор ва духтурро талаф диҳад, аз ҷониби дигар хилофи муқаррароти қонунгузорист!
  Бо мақсади ошкору ҳуҷҷатгузорӣ намудани ин қабил қонуншиканиҳо аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чорабинии мақсаднок гузаронида шуда, дар натиҷаи як амалиёти махсус таҳти увнони шартии «Ёрии таъҷилӣ» як қатор ронандагони авмтомашинаҳои шахсӣ ва мусофиркашони ҷамъиятӣ, ки ба ҳаракати автомашинаи Ёрии таъҷилӣ монеъгӣ намуданд, муайяну боздошт карда шуданд.
  Кормандони милитсияи пойтахт дар доираи ин амалиёт нахуст бо даъвати шартӣ Бригадаи Ёрии таъҷилиро ба мавзеи шартии даъватшуда сафарбар намуда, зимни ҳаракати автомашина танҳо дар 15 км роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 43 ҳолати роҳ надодани автомашинаҳои шахсии шаҳрвандон ва ҳамчунин мусофиркашонҳои ҷамъиятӣ ба Ёрии таъҷилиро ро ба навор гирифта, сабт намуданд. Сипас аз руи наворҳои сабтгардида ронандагони қонуншикан аз ҷониби нозирони роҳ дар якҷоягӣ бо дигар хадамотҳои оперативии милитсияи пойтахт боздошт ва автомашинаҳои онҳо ба ҷаримагоҳи Шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд. Нисбати ҳамаи ронандагони дастрасгардида тибқи талаботи моддаи 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, барои роҳ надодан ба воситаҳои нақлиёти Ёрии таъҷилӣ, ки қонунгузори онро ҳамчун автомашианҳои бартаридошта дар вақти ҳаракати роҳ эътироф намудааст, маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Аз ҷумла;
Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 1010 NS 01, шаҳрванд Саидов Абдураҳмон;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер, рақами қайди давлатиаш 1111 ВВ 07, шаҳрванд Давлатов Шералӣ;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 9030 ТТ 01, шаҳрванд Давлатов Исматулло;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Хонда-СРВ, рақами қайди давлатиаш 0102 ЕХ 01, шаҳрванд Шоев Шералӣ;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Каролла, рақами қайди давлатиаш 5946 ТТ 05, шаҳрванд Додарбеков Мақсадуллоҳ;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Рав-4, рақами қайди давлатиаш 111 В 017;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 3265 ТТ 05, шаҳрванд Қувватуллои Маҳмадӣ;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 2281 СО 03, шаҳрванд Эшонзода Абдулло;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3200 РР 01, шаҳрванд Давлатов Дилшод;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0124 ММ 01, шаҳрванд Бобоҷонов Зоирҷон;


  Мавриди зикр аст, ки тибқи талаботи боби 4-уми Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардидааст, истифодабарии рангҳои фурузони шуълавари кабуд ва сигналҳои овозии махсус ба автомшаинҳаои Ёрии таъҷилии тиббӣ иҷозат дода шудааст. Бинобар ин ҳангоми наздик омадани воситаҳои нақлиёти Ёрии таъҷилии тиббӣ, ки дар онҳо чароғи шуълавари ранги кабуд фурузон буда, сигнали овозии махсус ба кор дароварда шудааст, ронандагони дигар воситаҳои нақлиёте, ки дар хатҳои ҳаракати самти баробарбуда қарор доранд, уҳдадоранд хатҳои ҳаракати ишғолнамудаашонро фавран озод намуда, ҳаракати бемамоният ва бехатари автомашинаи Ёрии таъҷилиро таъмин намоянд.
  Ба ҳамин мақсад, ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки зимни идораи автомашина талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳро ҳамҷониба риоя намуда, ба ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёти Ёрии таъҷилӣ халал нарасонанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin