• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Амалиёти шартии «Чароғаки шуълавар»: боздошти 65 адад автомашинаҳои гаронарзиши дорои сигналҳои махсуси овозӣ (Навор)
Амалиёти шартии «Чароғаки шуълавар»: боздошти 65 адад автомашинаҳои гаронарзиши дорои сигналҳои махсуси овозӣ (Навор)

Амалиёти шартии «Чароғаки шуълавар»: боздошти 65 адад автомашинаҳои гаронарзиши дорои сигналҳои махсуси овозӣ (Навор)

  Риояи Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва тарзи идора намудани воситаи нақлиёт аз рафтору ахлоқ ва маданияту фарҳанги ронанда вобастагӣ дошта, бо ин васила аз тарзу усули идора намудани дилхоҳ воситаи нақлиёт метавон ба маданияту фарҳанги ронандаи он баҳо дод. Аз ин ру ронандагонро зарур аст ҷиҳати таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракати роҳ ба таври ҳатмӣ зимни идораи воситаи нақлиёт муқаррароти қонунгузориро риоя намуда, ба ҳаракати дигар иштирокчиёни роҳ, махсусан пиёдагардон халал ворид насозанд.
  Аммо, мутаасифона, тибқи мушоҳидаҳо вақтҳои охир як зумра ронандагони ҷавонон аз ҳисси ҳавобаландӣ ва худнамоӣ дар воситаҳои нақлиёташон ба таври худсарона сигналҳои дорои овози махсус ва чароғи фурузони шуълавари дорои ранги кабуд, сурх, зарду оринҷӣ, сафеду моҳтобрангро насб намуда, зимни ҳаракат дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо фурузон намудани чароғҳои шуълавар ва садо додани сигналҳои овозии ғайрисатандартӣ ба ҳаракати бехатари дигар иштирокчиёни роҳ халал ворид менамоянд. Ҳол он ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғи шуълавари фурузон бо рангҳои гуногун танҳо ба воситаҳои нақлиёти махсуси хизматӣ, аз ҷумла Бозрасии давлатии автомобилӣ, Бозрасии ҳарбии автомобилӣ, Хадамоти сухторнишонӣ, Ёрии таъҷилӣ, Раёсати истифодабарии роҳҳо ва Хадамоти давлатии «Почтаи тоҷик» ҳангоми иҷрои супоришҳои таъҷилии хизматӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.


  Илова бар ин тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 367 аз 5 декабри соли 2013 воридоти чунин сигналҳои махсуси овозӣ ва нурафшон ба ҳудуди кишвар қатъиян манъ мебошад. Мутаасифона ба ин нигоҳ накарда, чунин таҷҳизоти ғайристандартӣ ба бозорҳои дохилӣ роҳ ёфта, дар савдои озод қарор доранд.
Аз ин фурсат истифода намуда, дар аксар ҳолат ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ бархилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ таҷҳизоти ғайристандартиро харидорӣ намуда, баъди насб намудан бо ҳисси ғуруру худнамоӣ ва нишон додани бартарияту афзалияти худ нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ онро ба кор медароранд. Аз як ҷониб агар ин кирдори онҳо аз тарафи дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҳамчун таҳқир ҳисобида шавад, аз ҷониби дигар баланд намудани сигналҳои овозӣ, махсусан дар вақти шабона ба оромиву фароғати шаҳрвандон халал ворид менамояд.
  Бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои мазкур дар асоси супориши роҳбарияти милитсияи пойтахт аз ҷониби кормандони бахшҳои бозрасӣ ва оперативии милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шуда, дар натиҷаи баргузории амалиёти махсус, таҳти унвони шартии «Чароғаки шуълавар» давоми 3 рӯз 65 ҳолати насбу истифодабарии сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғаки шуълавари нурафшон ошкор карда шуда, ҳуқуқвайрокунандагон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. Аз ҷумла,:
-ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ Ровер, рақами қайди давлатӣ 1993OL01 Исроилов Хуршед Исроилович;


-ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ Х-5, аломати қайди давлатӣ 0800JJ01 Табаров Раҷабалӣ Қурбоналиевич;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус, рақами қайди давлатӣ 0082НН01 Ашурбеков Бахтиёр Азизбекович;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Киа-Оптима, рақами қайди давлатӣ 1111AN01 Раҳимзода Санҷар Олимхон;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-кемрӣ, аломати қайд 1111ХЕ01 Назарзода Анвари Мунавваршо;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-кемрӣ, рақами қайд 0044РР01 Зокиров Муҳаммад Фарҳодҷонович;

-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-кемрӣ, аломати қайди давлатӣ 0010DK01 Шамсиддинзода Муслиҳиддин;

-ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес С-класс, аломати қайд 9373РВ01 Қаҳоров Саидбек Асомуддинович;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-кемрӣ рақами қайди давлатӣ 0102OQ01 Мадалиев Билол Азамҷонович;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Лада-Приора, аломати қайд 100АА03 Раҳимов Фарҳод Исломиддинович;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес, аломати қайд 3888АS01 Арванити Денис Михайлович;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Опел, аломати қайд 4000ОА03 Содиқов Сиёвуш Мизробшоевич;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, аломати қайд 5982РВ01 Кенҷаев Файзиддин Юсупович;


-ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, аломати қайд 0616RX01 Тағоев Абдурауф Абдураҳмонович;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота, аломати қайд 4442АА01 Сайфуллоев Сайдалӣ Ҳайдаралиевич;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Киа, аломати қайд 9868ТТ01 Яров Саидакбар Маҳмадалиевич;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота, аломати қайд 2277JJ01 Асламов Шокирҷон Тешаевич;


-ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, аломати қайд 5051НЕ01 Баллаев Маҳмадёр Давлатёрович;

  Ба ҳамин монанд 47 нафар ронандагони дигар ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас ва нисбаташон бо моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёт то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо мусодира намудани асбобу таҷҳизоти ғайристандартӣ дар майдончаҳои махсуси Раёсати ВКД ва шаҳри Душанбе ва ШБДА боздошт карда мешаванд.
  Бояд таъкид намуд, ки истифодаи сигналҳои овозии гушхарош бо овози баланд ва чароғакҳои равшанидиҳандаи ғайристандартӣ ба пиронсолон, бачагон ва ашхоси дорои бемориҳои гуногуни фишорбаландӣ таҳлука ва ваҳму ҳарос оварда, боиси нороҳатии онҳо мегардад. Илова бар ин истифодаи чароғакҳои равшанидиҳанда дар қисмати шабонгоҳ дидашавандагии ронандагони самти муқобилро маҳдуд намуда, ба бехатарии ҳаракати мунтазам таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin