• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти «Наврас» дар кӯчаҳои пойтахт (Навор)
Амалиёти «Наврас» дар кӯчаҳои пойтахт (Навор)

Амалиёти «Наврас» дар кӯчаҳои пойтахт (Навор)

  Тибқи тавсия ва хулосаи мутахассисони соҳаи тиб аз як ҷиҳат агар истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятиро кам намояд аз ҷониби дигар дар хона нишастан ва бе зарурат ба берун наборомадан василаи асосии муҳофизати худ аз ин бемории ҳамагир мебошад. Махсусан нафарони солхурда ва ноболиғон бояд бе зарурат ба берун набароянд ва ҳангоми баромадан ба таври қатъӣ аз воситаҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.
  Дар акси ҳол гаштугузор намудан бе истифода аз ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, махсусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам василаи асосӣ барои гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 мегардад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин намуд беморӣ, аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза зидди коронавирус гаштугузори шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ гардидааст.


  Вобаста ба ин ва ҷиҳати риояи ҳатмии талаботҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарию эпидимиологӣ ва пеш аз ҳама огоҳонидани шаҳрвандон аз хатари паҳншавии бемории мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва дукону фурӯшгоҳ, мағозаҳои фурӯши хӯроки умум ва дигар маконҳои гаштугузори шаҳрвандон амалиётҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шудаистодааст.
  Аз ҷумла дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои профилактикии мазкур ҳолатҳои зиёди бе зарурат дар куча ва бе назорат гаштугузор намудани ҷавонон махсусан кӯдакони хурдсол бе ниқоби муҳофизатӣ муайяну ошкор карда шуд. Аз ҷумла танҳо давоми як рӯз зимни баргузории амалиёти шартии «Наврас», ки аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони милитсияи пойтахт гузаронида шуд, мутаасифона 93 ҳолати бе ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ гаштугузор намудани ноболиғон ошкор гардида, барои оворагардӣ 8 нафари онҳо ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон дастрас карда шуданд.


  Мавриди зикр аст, ки кудакони хурдсол, ки ҳанӯз хуб инкишоф наёфтаанд ва ба таври кофӣ қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, ҳангоми ба берун баромадан эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятиро бештар доранд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки кудакон метавонанд интиқолдиҳандаи беморӣ аз куча ба хона гардида, дигар аъзои хонаводаи худро сироят намоянд. Бо назардошти ҳолатҳои мазкур аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ қарори дахлдор қабул гардида, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ӯмумӣ аз муҳлати муайян гардида барвақттар рухсат дода шудаанд. То ноболиғони хурдсол камтар ба берун бароянду аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин бимонанд. Вале чуноне дар рафти амалиёти мазкур кормандони милитсияи пойтахт ошкор намуд, кӯдакони хурдсол аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, ҳам рӯзонаву шабона ба кучагардӣ машғул мебошанд.
  Ҳолати дигаи нигаронкунанда он аст, ки баъзе аз волдидайн низ нисбати саломатии фарзанди худ беаҳамиятӣ намуда, бе истифодаи ниқоби муҳофизатӣ фарзандони худро ба кӯча баровардаанд. Ҳамаи ин амалиёту корҳои фаҳмондадиҳӣ танҳо ҷиҳати эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз кормандони милитсияи пойтахт, бо он нафароне, ки зимни баргузории ин амалиёти профилактикӣ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ба гаштугузор машғул буданд, суҳбатҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.


  Мавриди зикр аст, ки дар ин марҳилаи муҳим ҳамаи мо шаҳрвандон дар якҷоягӣ бо риояи тавсия ва роҳнамоиҳои табибону мутахассисони соҳа метавонем, ба ин беморӣ ғолиб омада, худ ва наздиконамонро аз чанголи он дар эмин нигоҳ дорем.
  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ба ин беморӣ ва баланд бардоштани маърифатнокиву иттилоотонии шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе амалиётҳои профилактикиву корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода, кормандони ин ниҳод ҷиҳати солимии ҷомеа саҳми худро мегузоранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin