• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ҷавондухтари велосипедрон
Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ҷавондухтари велосипедрон

Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ҷавондухтари велосипедрон

  Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи Хундай рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати «Olu4a Taxi» аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Ба иттилои муроҷиаткунанда санаи 22-юми майи соли 2020 ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштанаш, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст.
  Дар натиҷа аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиати мазкур таҳти санҷиш ва баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.
  Бо назардошти он ки дар ҳаракатҳои шаҳрванд Самадзода Сомон аломатҳои кирдори майдаавбошона дида мешавад, нисбаташ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид. Суд дар навбати худ санаи 23-юми майи соли 2020 нисбаташ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуд. Ҳамзамон номбурда ҷиҳати дар минбаъда ба чунин амалу кирдори хилофи қонун даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin