• Home »
  • ХАБАР »
  • Қадрдонии «Беҳтарин нозири минтақавии сол» дар пойтахт
Қадрдонии «Беҳтарин нозири минтақавии сол» дар пойтахт

Қадрдонии «Беҳтарин нозири минтақавии сол» дар пойтахт

  Бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ ва робита бо ҷомеа ҳамасола дар арафаи таҷлили «Рӯзи пойтахт», ки санаи 21-уми апрел ҷашн гирифта мешавад, дар қатори дигар озмунҳо, озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» аз ҷониби комиссияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.
  Роҳандозӣ гардидани озмуни мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» рӯи даст гирифта шуда, баҳри рӯҳбаландӣ ва боло бурдани обруву мақоми нозирони минтақавии милитсия дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам месозад.

  Баҳри шарафёб шудан ба унвони «Беҳтарин нозири минтақавии сол», нозирони минтақавии милитсияро мебояд дорои малакаи баланди касбӣ буда, дар давоми сол ба натиҷаҳои баланди фаъолияти хизматӣ ноил гардида бошанд. Шарти аз ҳама муҳим он аст, ки дар минтақаи хизматии нозири минтақавӣ дар давоми сол ягон ҷиноят ноошкор намонда, нозири минтақавиро сокинони минтақаи хизматиаш хуб шиносанд.
  Бо назардошти ин ва дигар талаботу шартҳо як қатор нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе барои дарёфт ва ғолиб омадан дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» пешниҳод гардида буданд. Дар натиҷа аз ҷониби Комиссияи таъсисдодашудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти хизматии нозирони минтақавии милитсияи пойтахт мавриди омӯзиш қарор дода шуда, сипас се нафар ғолибони озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» муайян карда шуданд.


  Аз ҷумла, ҷойи якум ба майори милитсия Мирзоев Фирӯз нозири минтақаи хизматии маъмурии №6 Шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сазовор дониста шуд. Воқеан номбурдаро дар минтақаи хизматиаш ҳамагон мешиносанд ва пайваста ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо соконону фаъолони минтақаи фаъолияти худ робита ва ҳамкории зич дорад. Яке аз иншооти минтақаи хизматии номбурда ин Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Акбари Абдулло ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ки майори милитсия Фирӯз Мирзоев бо онҳо ҳамкории хуб дорад. Фориғ аз кору фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди минтақаи хизматӣ Фирӯз Мирзоев ба китобхонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон омада, дар доираи тавсияи адибон ба мутолиаи асарҳои тозанашр машғул мешавад. Маҳз фаъолияти чунин нозирон барои ҳамкории хуби милитсия бо ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.
  Аз Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ-1 имсол дар ин озмун ду нафар сазовори мавқеи ифтихорӣ ва диплому мукофотпулӣ гардиданд. Ҷойи дуюм ба майори милитсия Мусозод Фаррух Назир, сардори минтақаи хизматии маъмурии №13 ва барандаи ҷойи сеюм ба майори милитсия Шарифзода Абдусаттор Саид, сардори минтақаи хизматии маъмурии №14 шуъбаи мазкур сазовор дониста шуданд.

  Мусозод Фаррух низ ба ин мақом сазовор буда, дар байни аҳолӣ ва сокинони минтақаи хизматии №14 обруву эътибори хосса дорад. Ҷиҳати робитаи зич бо шаҳрвандон дар тамоми биноҳои истиқоматӣ суроғаи ҷойгиршавии утоқи корӣ ва рақамҳои телефонии мобилии худро насб намудааст, ки шаҳрвандон дар ҳама ҳола бо мушоҳидаи ин ё он кирдори зиддиқонунӣ ба номбурда дар тамос мешаванд. Ӯ дар байни шаҳрвандон-сокинони маҳаллаи мазкур пайваста мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳиву профилактикӣ баргузор менамояд.

  Шарифзода Абдусаттор низ пайваста талош менамояд, ки ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи қонунгузорӣ дар минтақаи хизматии худ тадбирҳои судманду самарабахши фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад. Дар минтақаи хизматии маъмурии №14 ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ 21 ҳазор аҳолӣ истиқомат менамояд. Сокинон низ бо нозирон ҳамкории хуб дошта, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пайваста саҳм мегузоранд.


  Мавриди зикр аст, ки фаъолияти милитсия дар пойтахт дар ҳама давру замон барои риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ равона гардидааст. Маҳз фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аст, ки таъмини амният дар ҷомеа пойбарҷост.
  Пешгирии қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ, истифодаи бемавриди телефони мобилӣ дар ҷараёни таълим, бемасъулиятӣ аз ҷониби падару модар ва дарк накардани моҳияти қонун аз ҷониби бархе сокинон, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди биноҳо, сарфакорона ва самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, об ва моликияти коммуналию ҷамъиятӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки доир ба онҳо бо сокинон нозирони минтақавӣ корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ мегузаронанд.

  Метавон гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо ва дастгирии онҳо ҷиҳати рӯҳбаланд намудани кормандони милитсия замина гузошта, боиси боз ҳам баланд гаштани обрӯ ва эътимоди онҳо дар ҷомеа мегардад.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

 
Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin