• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Садама: Ба ҳалокат расидани 2-мусофир ва ба қисмҳо ҷудо шудани автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»
Садама: Ба ҳалокат расидани 2-мусофир ва ба қисмҳо ҷудо шудани автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»

Садама: Ба ҳалокат расидани 2-мусофир ва ба қисмҳо ҷудо шудани автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»

  Санаи 27-уми майи соли 2020 тақрибан соати 04:15 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами қайди давлатиаш 4400 ОК 01 Абдуалимов Абумуталиб Беҳрӯзович, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Гулистон ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С. Айнӣ ба самти маҳаллаи Ховарон дар назди бинои №1 кӯчаи Зебуниссо бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии маркази роҳ бархурдааст. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ 2-нафар мусофирони дохили автомашинаи мазкур, Алиев Абдураҳмон Асланбекович соли таваллудаш 2001 ва Назаров Сунатулло Муҳаммадович соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандагони н. Рӯдакӣ деҳаи Гулистон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.


  Инчунин худи ронандаи автомашинаи мазкур Абдуалимов Абумуталиб ва мусофири дигараш Сиддиқов Мавлавӣ Маҳмадкабирович соли таваллдуаш 2001 истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Гулистон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
  Оид ба ҳолати мазкур таҳқиқ ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin