• Home »
  • ХАБАР »
  • Дахлнопазирӣ ва авбошӣ: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати 3 нафар занон барои муноқиша бо ҳамсоя (Навор)
Дахлнопазирӣ ва авбошӣ: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати 3 нафар занон барои муноқиша бо ҳамсоя (Навор)

Дахлнопазирӣ ва авбошӣ: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати 3 нафар занон барои муноқиша бо ҳамсоя (Навор)

  Санаи 17 майи соли ҷорӣ тахминан соати 15.00 дақиқа як нафар истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии Фейсбук, шаҳрванд Бозорова Хатича бо ирсоли 3 навор, ки дар онҳо ҳолати аз ҷониби ҳамсоягонаш мавриди латукуб ва дашному ҳақорат қарор гирифтанаш инъикос ёфтаанд хабар дода, барои ин амали ҳамсоягонаш аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт кӯмак хост. Дар натиҷа муроҷиат ва наворҳои мазкур аз ҷониби масъулини Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба қабули муроҷиатҳои электронии шаҳрвандон тариқи Интерент мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ҷиҳати баррасии фаврӣ кормандони милитсияи пойтахт бо гузашти ҳамагӣ 20 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.


  Корманди милитсяи пойтахт дар доираи санҷиши ҳолатҳои дар наворҳо инъикосгардида шахсияти 3 нафар зане, ки лаҳзаҳои ҳамла, дашному ҳақоратдиҳӣ ва ба таври ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии муроҷиаткунанда Бозорова Хатича гардиданашон дар наворҳо омадааст, ошкору муайян намуда, ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
Инҳо шаҳрвандон:
  Амонова Сайрамбӣ соли таваллудаш 21.09.1986 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, бинои 89/5, ҳуҷраи 34, оиладор, соҳиби 3 фарзанд;


  Мадинаи Шарифхон соли таваллудаш 17.12.1994 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 144, муҷаррад;


Хайруллоева Самира Додарҷоновна соли таваллудаш 17.08.1995 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 132, муҷаррад.


  Дар доираи санҷиши ҳолати мазкур муайян карда шуд, ки дастрасшудагон тақрибан соати 12:00 дақиқаи санаи 17-уми май бо мақсади қасосгирӣ ба хотири он ки гуё фарзандони муроҷиаткунанда Бозорова Хатича оромии онҳоро халалдор намудаанд, ба таври худсарона дар ҳолати гурӯҳӣ бо вайрон намудани ҳуқуқи дахлнопазирии манзил бидуни хоҳиши муроҷиаткунанда ба хонаи истиқоматии ӯ ворид гардидаанд. Ин ҳолатро ҷабрдида мушоҳида намуда, ҳолати рафтори дағалона ва кирдори авбошонаи онҳоро ба навор гирифтааст. Ин 3-нафар ҳамсояи дағалрафор чун мебинанд кирдори авбошонаи онҳо ба навор гирифта шудааст, ба хотири нобуд сохтани навор дахлнопазирии манзили муроҷиаткунанда Бозорова Хатичаро вайрон намуда, худсарона ба манзили ӯ ворид шуда, мехостанд телефони молиашро аз дасташ гирифта наворро нобуд созанд. Ин ҳолати авбошона 2-3 маротиба такрор ёфтааст, ки ба дағалона вайрон намудаи тартиботи ҷамъиятӣ ва боиси халалдор гардидани оромии дигар истиқоматкунандагони бино гардидааст.
  Чуноне аз наворҳо бармеояд, гумонбарон аз ҳиссиёти авбошӣ бо пойафзол охиронро мавриди латукуб низ қарор дода, бо овози баланд дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашро дар назди дигар ҳамсоягон паст задаанд.
  Бо назардошти далелҳои дастрасгардида нисбати ҳар се занони гумонбар Амонова Сайрамбӣ, Мадинаи Шарифхон ва Хайруллоева Самира аз ҷониби Прокуратураи н. Фирдасӣ бо дастрасии моддаҳои 147 (Вайрон намудани дахлнопазирии манзил)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораҳо барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 2 (Авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ)-и Кодекси номбурда низ андешида шуда истодааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin