• Home »
  • ХАБАР »
  • Гаштугузор бе ниқоб қатъиян манъ аст!: Амалиёти профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии милитсияи пойтахт (Видео)
Гаштугузор бе ниқоб қатъиян манъ аст!: Амалиёти профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии милитсияи пойтахт (Видео)

Гаштугузор бе ниқоб қатъиян манъ аст!: Амалиёти профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии милитсияи пойтахт (Видео)

  Имрӯзҳо пандемияи КОВИД-19 дар баробари дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда, ҷиҳати ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва пешгирии паҳншавии ин бемории ҳамагир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас таҳия ва роҳандозӣ гардидааст.
  Тибқи тавсия ва талаботи ҷоригардида аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавируси нав – КОВИД-19 гаштугузори шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ гардида, шаҳрвандонро мебояд пеш аз ҳама барои эмин нигоҳ доштани худ ва дар хатар нагузоштани дигарон ин қоида ва тавсияҳои духтуронро қатъиян риоя намоянд.


  Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокӣ ва огоҳонидани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гурӯҳҳои мобилӣ ташкил карда шуд, ки ҷиҳати риояи Қоидаҳои беҳдоштӣ бо шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ суҳбатҳои профилактикӣ мегузаронанд. Чуноне дар рафти баргузории чорабиниҳои мазкур маълум гардид, мутаассифона на ҳама шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштии ҷоригардидаро риоя мекунанад. Ҳанӯз ҳам дар кучаву хиёбонҳои пойтахт нафароне ҳастанд, ки бе ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, ва риоя накардани масофаи иҷтимоӣ гашту гузор мекунанд, ки ин амали онҳо пеш аз ҳама боиси ба хатар гузоштани худ ва атрофиён дигар мегарданд.


  Аз ҷумла дар давоми як рӯзи баргузории чорабиниҳои профилактики мазкур зиёда аз 50-ҳолати риоя накардани талаботҳои аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ муқаррагардида ба қайд гирифта шуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон ҷиҳати муҳофизати саломатии худ ва атрофиён беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, ки он метавонад боиси сироят ёфтани худ ва дигар шаҳрвандон ба ин беморӣ гардад.

  Тибқи хулоса ва таҳқиқотҳои табибон коронавируси нав КОВИД-19 аз шахси бемор бо роҳҳои гуногун аз ҷумла бо роҳи нафас ва даҳон ба дигарон сироят меёбад. Аз ин лиҳоз истифодаи ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ аз 1,5 то 2 метр ҳангоми гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кучаву хиёбонҳо ҳатмист.
  Кормандони милитсияи пойтахт, бо он нафароне, ки зимни баргузории ин амалиёти профилактикӣ дар кӯчаву хиёбонҳо бе ниқоб ва риоя накардани масофаи иҷтимоӣ мушоҳида намуданд, суҳбатҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Чуноне қайд гардид, ҳамаи мо шаҳрвандон танҳо дар якҷоягӣ бо риояи тавсия ва роҳнамоиҳои табибону мутахассисони соҳа метавонем, ба ин бемории ҳамагир ғолиб омада, худ ва наздиконамонро аз чанголи он дар эмин нигоҳ дорем.


  Ҳамзамон дар доираи амалиёти профилактикии мазкур аз ҷониби кормандони милитсия дар дохили нақлиётҳои чамъиятӣ низ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Мутаассифона дар бештари маврид ронандагон аз меъёри муқараргардида зиёд мусофиронро ба автомашинаи худ савор карда, боиси ба хатар гузоштани дигарон мегарданд. Дар ин радиф шаҳрвандонро низ мебояд, пеш аз ҳама барои нигоҳ доштани саломатии худ аз нишастан ба чунин автомашинаҳои серодам худдорӣ намоянд.
  Дар ҷараёни баргузории амалиёти профилактикии мазкур ҳолатҳои зиёди аз меъёри муқарраргардида зиёд гирифтани мусофирон ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ронандагони воситҳои нақлиёти мусофиркаш протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуданд.


  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ба ин беморӣ ва баланд бардоштани маърифатнокиву иттилоотонии шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе амалиётҳои профилактикиву корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода, кормандони ин ниҳод ҷиҳати солимии ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
  Вобаста ба ин аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ҳама барои нигоҳ доштани саломатии худ ва дар хатар нагузоштани атрофиён бе зарурат ба кӯча набароянд. Дар сурати баромадан қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла истифодаи ниқоби тиббии муҳофизатӣ ва риояи масофаи иҷтимоиро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки мо дар якҷоягӣ бо азму иродаи қавии миллати тоҷик метавонем ба ин беморӣ ғолиб омада, саломатии худ ва наздиконамонро ҳифз намоем.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin