• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Амалиёти БДА: Ошкорсозии якчанд далели аз меъёри муқаррагардида зиёд гирифтани мусофирон дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ
Амалиёти БДА: Ошкорсозии якчанд далели аз меъёри муқаррагардида зиёд гирифтани мусофирон дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ

Амалиёти БДА: Ошкорсозии якчанд далели аз меъёри муқаррагардида зиёд гирифтани мусофирон дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ

  Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ махсусан аз меъёри муқаррагардида зиёд гирифтани мусофирон рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад. Аз ҷумла амалиёти махсуси профилактикию фаҳмондадиҳӣ дар байни воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ба бемории коронавирус КОВИД-19 роҳандозӣ карда шуд. Чуноне дар рафти ин амалиёт маълум гардид, баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҳангоми фаъолияти худ мусофиронро аз меъёри муқарраргардида зиёд гирифта, ҳолати хатарноку эҳтимоли сироятёбиро ба вуҷуд овардаанд.
  Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок дар ҷараёни амалиёти мазкур дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 50 ҳолати аз меъёри муқарраргардида зиёд гирифтани мусофирон дар воситаҳои нақлиёи ҷамъиятӣ ошкор ва нисбати ронандагон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон бо шаҳрвандону дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ ҷиҳати риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ронандагон ҷиҳати роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Аз ҷумла якчанд ҳолати аз меъёри муқарраршуда зиёд гирифтани мусофирон:

Саидов Саидбек – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер дар хатсайри№1, рақами қайди давлатиаш 5966 ТТ 05;

Одинаев Содиқ Маҳмадуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 9139 ТТ 05;


Азизов Қамариддин Шамсиддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 2208 ТТ 05;

Назаров Маҳмадалӣ Сулаймонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер дар хатсайри№1, рақами қайди давлатиаш 8410 ТТ 05;

Соҳибназарзода Бобоҷон – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер дар хатсайри№25, рақами қайди давлатиаш 4312 ТТ 05;

 

Мирзоев Шовалӣ – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер дар хатсайри№11, рақами қайди давлатиаш 8550 ТТ 05;

Умаров Тоҷиалӣ – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер дар хатсайри№2, рақами қайди давлатиаш 9366 ТТ 05;

Раҳматуллоев Сунатулло Убайдуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер дар хатсайри№25, рақами қайди давлатиаш 9315 ТТ 05;

Алиев Карим Исмоилович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер дар хатсайри№15, рақами қайди давлатиаш 2233 ТТ 05;

Назиров Манучеҳр Сулаймонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 4298 ТТ 05;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin