• Home »
  • ХАБАР »
  • (Видео) Мусодираи 140 кг воситаҳои нашъадор аз ду шабакаи нашъаҷаллоби трансмиллӣ
(Видео) Мусодираи 140 кг воситаҳои нашъадор аз ду шабакаи нашъаҷаллоби трансмиллӣ

(Видео) Мусодираи 140 кг воситаҳои нашъадор аз ду шабакаи нашъаҷаллоби трансмиллӣ

  Мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати солимии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии ин маводи заҳрогин дар ҳудуди пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд.
  Чуноне қаблан дар як гузориш ва барномаи махсуси «Пайроҳаи қочоқ» иттилоъ дода будем, дар натиҷаи баргузории як амалиёти махсус гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дар ҳайати 7-нафар дастгир ва аз онҳо зиёда аз 70 кг воситаҳои нашъадор мусодира карда шуда буд.
  Дар идомаи амалиёти дигар ва баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе фаъолияти пинҳонии як шабакаи дигари интиқолдиҳандаи воситаҳои нашъадорро, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Чумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба дигар кишварҳои хориҷӣ интиқол медоданд ошкор намуданд, ки дар рафти амалиёт аз ин шабакаи қочоқчиён низ зиёда аз 70 кг воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфту мусодира карда шуд.

  Аз ҷумла дар натиҷаи пешбурди амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд, Дарғиев Раҷабалӣ Маҳмадалиевич соли таваллудаш 19-уми марти 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, деҳаи Муродбахш хонаи №3, оиладор соҳиби 2-фарзанд, дар зодгоҳаш деҳаи Муродбахши ноҳияи Фархор, ки дар наздикии сарҳади Чумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ аст, дастгир карда шуд. Зимни кофтуков аз манзили истиқоматиаш дар се борхалтаи полиэтиленӣ миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор аз ҷумла, 68 кг 672 грамм воситаи нашъадори навъи «Афюн» ва 1 кг 964 грамм маводҳои психотропии навъи «Метаамфитамин», дар маҷмӯъ ба миқдори 70 кг 436 грамм дарёфту мусодира карда шуд.

  Дар идомаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ чеҳраи як нафари дигари нашъаҷаллоб ҷилванамоӣ намуд, ки роҳбарии ин шабакаи трансмиллии нашъаҷаллобро бар ӯҳда доштааст. Ин нафар шаҳрванд Девонақулов Баҳодур Баҳоуддинович соли таваллудаш 27.03.1979 сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Фархор, деҳаи Марғзор мебошад, ки қаблан бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст.
  Зимни баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда айни замон дар Федератсияи Россия қарор дошта, ҳамаи амалиёт ва схемаҳои ғайриқонунии додугирифти воситаҳои нашъадор аз ҷумла, интиқоли воситаҳои гуногуни нашъадор аз ҶИ Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба кишварҳои хориҷӣ фиристондани онро тавассути телефони мобилӣ назорат ва роҳнамоӣ карда, дар ин кор дастгиршуда Дарғиев Раҷабалиро ҳамчун шахси боваринок истифода мебурдааст.
  Дастгиршуда Дарғиев Раҷабалӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ мебоист ин 70кг маводи нашъадори мусодирашударо ба шаҳрванд Девонақулов Баҳодур, ки соҳиби асосии воситаҳои нашъадор шинохта мешавад, интиқол диҳад. Дар доираи тафтиши парванда муайян карда шуд, ки номбурда баҳри ба даст овардани ин маводи заҳрогин роҳу усулҳои гуногунро истифода намуда, воситаҳои нашъадоро танҳо дар вақти шабона аз қочоқчиёни афғон қабул менамудааст. Тааҷҷубовар аст, ки дастгиршуда Дарғиев Раҷабалӣ бо мақсади пинҳон доштани амалҳои ҷинояткоронаи худ ва нафаҳмидани атрофиён бо таври махсус ва рамзнок, яъне бо овози ҳайвонҳои саҳроӣ бо интиқолдиҳандагони воситаҳои нашъадори афғон гуфтугӯ намуда, додугирифти воситаҳои нашъадорро амалӣ мекардааст.


  Оид ба далелҳои мазкур айни замон нисбати гумонбаршавандагон Дарғиев Раҷабалӣ ва Девонақулов Баҳодур тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, Девонақулов Баҳодур ҳамчун роҳбари шабакаи трансмиллии нашъаҷаллобӣ дар ҷустуҷӯӣ расмӣ қарор дода шудааст.

  Аз руи ҳарду далеле, ки мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ошкор намуд, дар натиҷаи он фаъолияти ғайриқонунии гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва 2 шабакаи трансмиллии интиқоли воситаҳои нашъадор қатъ карда шуда, дар маҷмуъ зиёда аз 140 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin