• Home »
  • ХАБАР »
  • Дружиначиёни ихтиёрӣ – кумакрасони милитсия
Дружиначиёни ихтиёрӣ – кумакрасони милитсия

Дружиначиёни ихтиёрӣ – кумакрасони милитсия

  Дружиначиёни ихтиёрии милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста бо кормандони милитсияи пойтахт ҳамкории зичро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини тартибот ва бехатарии шаҳрвандон ба милитсия кумак мерасонанд. Ин аст, ки аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кормандони милитсия ва Дружиначиёни ихтиёрӣ гурӯҳҳои патрулӣ дар боғу гулгашт ва маконҳои ҷамъиятии пойтахт ташкил шуда, Дружиначиёни ихтиёрӣ ҳамроҳи кормандони милитсия гашту гузор намуда, дар таъмини тартибот саҳм мегузоранд. Ин тадбир дар доираи ислоҳоти милитсия ба роҳ монда шуда, мақсад боз ҳам қавӣ намудани ҳамкорӣ ва робитаи зичи аҳолӣ бо мақомоти милитсия мебошад.
  Мавриди зикр аст, ки имрӯз мақомоти милитсия бо фаъолияти шабонарӯзӣ аз ӯҳдаи пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба хубӣ мебарояд, ки ин пеш аз ҳама аз ҳамбастагӣ ва робитаи судманд ва бовариву эътимоди мардум ба милитсия сарчашма мегирад. Дар ин замина саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан Дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар бари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд бисёр назаррас мебошад.

 

  Чуноне муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ зимни тақсимоти қуваю воситаҳо иброз дошт, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф вазифаи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як нафар сокини кишвар, махсусан шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Маҳз дар тӯли чанд соли охир бо талошу заҳматҳои Ҳукумаи кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе симои худро куллан дигар намуда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ин ҳама ободиву пешравиҳое, ки амалӣ гаштаистодаанд ҳар яки моро водор месозад то беш аз пеш фаъолият ва заҳмати дучанд намуда, барои ба наслҳои оянда як мулки обод боқӣ гузоштан заҳмат намоем.

 

   Дар ин замина шаҳрвандонро мебояд ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва пешгирии амалу кирдорҳои наматлуб дар ҷомеа ҳамеша бояд бо кормандони милитсия, махсусан нозирони минтақавии милитсия дар алоқаи зич бошанд, зеро тибқи таҳлилҳо танҳо дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлубро гирифт.

  Бояд қайд намуд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби нозирони минтақавӣ ва Дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар тамоми боғу гулгаштҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои патрулӣ хизматбарӣ намуда, пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлубро мегиранд. Ин аст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ махсусан боғу гулгаштҳои пойтахт ҳолатҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, поймол кардани сабзазору гулгаштҳо ва хароб сохтани дигар таҷҳизотҳои ороишӣ кам ба назар расида, бо гаштугузор намудани гурӯҳҳои патрулӣ чунин амалҳо пешгирӣ карда шуда, ободиву шукуфоии пойтахт нигоҳ дошта мешавад.

  Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кули шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо мақомоти милитсия ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар пешгирӣ аз кирҳои ношоям ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф саҳм гузоранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin