• Home »
  • ХАБАР »
  • Аз рӯи навор: Ҳабси 5-нафар ҷавонон ба мӯҳлати 15-шабонарӯзӣ (Видео)
Аз рӯи навор: Ҳабси 5-нафар ҷавонон ба мӯҳлати 15-шабонарӯзӣ (Видео)

Аз рӯи навор: Ҳабси 5-нафар ҷавонон ба мӯҳлати 15-шабонарӯзӣ (Видео)

 Вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба арзишҳои фарҳангӣ, маданӣ, дар назди мардум шаъну шарафи дигаронро паст задан аз амалҳоест, ки дар баробари инсонро беобрӯ сохтан аз костагии ахлоқ ва сабукфикрии чунин афрод далолат медиҳад. Кормандони мақомоти корҳои дохилии пойтахт, ҷиҳати пешгирии чунин амалу кирдорҳои ғайриахлоқӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдоркунандагони симои пойтахт чораҳои муассир меандешанд.
  Дар ин раванд саҳми шаҳрвандон низ ниҳоят назаррас буда, ба мақомоти милитсияи пойтахт, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд, ки ин ба саривақт гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа мусоидат намудааст. Гарчанде ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои зиддиқонунӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд, ҳам ҳанӯз бархе аз шаҳрвандоне ҳастанд, ки тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, боиси поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои дигарон мегарданд.


  Ҳафтаи сипаришуда як нафар сокини шаҳри Душанбе навори муноқишаи як гурӯҳ ҷавононро тавассути саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намуда, дархост намуд, то нисбати нафарони қонуншикан чораҳои таъсирасони қонунӣ андешида шавад. Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки санаи 5-уми апрели соли ҷорӣ як гурӯҳ ҷавонон дар ҳолати мастӣ дар назди қаҳвахонаи «Шабнам» воқеъ дар кӯчаи С. Шерозии шаҳри Душанбе нисбати якдигар дашномҳои қабеҳ ва муноқиша намудаанд. Ҳамзамон ба эроди атрофиён беэътиноӣ намуда, бо содир намудани ин кирдори зиддиҷамъиятиашон нисбати шаҳрвандону атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
  Дар натиҷаи пешбурди маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандони зерин боздошт гардиданд:

Комрони Шодмон соли таваллудаш 03.03.1990 истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб кӯчаи С. Сафаров хонаи 33; Назриев Комил Абдулазизович соли таваллудаш 12.04.1991 истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб ҷамоъати Сафар Амиршоев деҳаи Мирапок;Юсуфов Алиҷон Исуфович соли таваллудаш 11. 01. 1981 истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ҷамоъати Х. Раҷабов деҳаи Дарнайчӣ;Муродов Сафар Мирзохонович соли таваллудаш 30.05.1975 истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб ҷамоъати С. Амиршоев деҳаи Гултеппа;Қурбонов Умедҷон Тошболтаевич соли таваллудаш 03.02.1985 истиқоматкунанади ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ кӯчаи Лоҳутӣ хонаи 4;  Зимни пурсиш маълум гардид, ки дар ҳақиқат номбурдагон дар назди мавзеи мазкур аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша намуда, осоиштагии шаҳрвандонро халалдор сохта, бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷои ҷамъиятӣ таҳқиру дашном намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
  Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия кирдори майдаавбошонаи онҳо тибқи муқаррароти моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва нисбаташон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди н. Сино ирсол гардид. Суд дар навбати худ санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯзӣ таъин кард.

Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin