Боздошти гумонбар дар марги ҷавони 27 сола

Боздошти гумонбар дар марги ҷавони 27 сола

  Санаи 24 марти соли ҷорӣ Раёсати ВКД дар шаҳри Душнабе дар як изҳороти расмӣ вобаста ба дарёфт гардидани ҷасади шахсияташ номаълум иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Шомиров Диловаршо Нуриддинович соли таваллудаш 17.04.1993 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Назаршоев мебошад. Тибқи маълумотномаи ташхиси тиббӣ-судӣ сабабҳои марги шаҳрванд Шомиров Диловаршо инсулти геморогӣ ва атеросклерози шараёнҳои дил мебошад.
  Баъди гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯи муайян ва дастгир карда шуд, ки шаҳрванд Халилов Абдулмумин Асадуллоевич соли таваллудаш 30.04.1989 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷабрдидаи марҳум Шомиров Диловаршо дар як нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо кор карда, санаи 22 марти соли ҷорӣ тахминан соатҳои 22.30 дар асоси ғаразҳои пешакӣ ва бо мақсади қасосгирӣ ҳарду дар назди бинои 2-и кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур муноқиша намуда, Халилов Абдулмумин бо мушт як зарба ба қисмати рости мавзеъи гӯши Шомиров Диловаршо задааст, ки дар натиҷа охирон ба замин афтода, баъди чанд лаҳза ба ҳалокат расидааст.

  Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Халилов Абдулмумин Асадуллоевич парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати гумонбаршуда чораи пешгирӣ дар намудаи ҳабси пешакӣ татбиқ ва тафтиши пешакӣ идома дорад.
  Оиди сабаби ба ҳалокат расидани шаҳрванд Шомиров Диловаршо Нуриддинович як қатор ташхисҳои иловагӣ таъин карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ иловатан маълумот дода мешавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin