Аз рӯи навор: Боздошти ронандае ки гуфт: – “қоидавайронкунӣ кори бад нест” (видео)

Аз рӯи навор: Боздошти ронандае ки гуфт: – “қоидавайронкунӣ кори бад нест” (видео)

  Дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук навори қоидавайронкунии як нафар ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра рақамҳои қайди давлатиаш 1685 СР 01 нашр гардид, ки қоидавайронкуниҳои номбурда мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон, махсусан корбарони саҳифаи иҷтимоии Фейсбук қарор гирифта, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.


  Дар натиҷаи омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра рақамҳои қайди давлатиаш 1685 СР 01 шаҳрванд Муродов Файзалӣ Авазович соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи С. Айнӣ 76/6 мебошад. Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи С. Шерозӣ ба самти кӯчаи Н. Қарабоев қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба таври ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.
  Ҳамзамон дар натиҷаи санҷиш тавассути камераҳои Маркази автоматикунонии – «Шаҳри бехатар» муайян карда шуд, ки номбурда дар 26-ҳолати дигар низ қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона дар муддатҳои гуногун вайрон намудааст.  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Муродов Файзалӣ барои бе Иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикситон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи мазкур то пурра барқарор намудани ҷаримаҳои 26-ҳолати қоидаваронкунӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад. 
  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо истифода аз фурсати муносиб миннатдории самимии худро ба шаҳрванде, ки ҷиҳати риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракати роҳ худро бетараф нагирифта, қоидавайронкунии ронандаи мазкурро ба навор ва сабт намуда, ҷихати ба чавобгарӣ ҷалб намудани он ба мақомоти милитсия мусоидат намуд баён менамояд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin