• Home »
  • ХАБАР »
  • Шиносоӣ аз фаъолияти кормандони Шуъбаҳои ВКД дар н.Сино ва Шоҳмансури пойтахт
Шиносоӣ аз фаъолияти кормандони Шуъбаҳои ВКД дар н.Сино ва Шоҳмансури пойтахт

Шиносоӣ аз фаъолияти кормандони Шуъбаҳои ВКД дар н.Сино ва Шоҳмансури пойтахт

  Дар идомаи сафари корӣ ҳайати ташрифотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз фаъолияти нозирони минтақавии милитсияи пойтахт, тарзи хизматбарӣ ва шарту шароитҳои Шуъбаҳои дуюми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дидан намуда, аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.


  Нахуст ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ташриф оварда аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №42 аз 29.01.2019 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» таъсис ёфтаанд, мулоқот намуда, аз корҳои анҷомдодаи ин гурӯҳҳои корӣ маълумоти кофӣ ба даст оварданд.
  Дар ҷараёни мулоқот сардори Раёсати мубориза зидди терроризм ва эстремизми Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент полковник Ҷамолов Отабек Атоевич иброз дошт, ки омӯзиши таҷрибаи фаъолияти гурӯҳҳои кории милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати тарғиби Одоби шаҳрнишинӣ ва густариши корҳои ободонӣ бисёр муфид аст.


  Дар идомаи сафари корӣ ҳайати ташрифотии мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур ташриф оварданд.
Номбурдагон аз шароитҳои хизматбарӣ, утоқ ва таҷҳизотҳои корӣ, инчунин аз фаъолияти нозир оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила шиносоӣ пайдо намуданд.


  Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Нозир оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар тамоми шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ин бахши милитсия ҷиҳати тарғиби оилаи солим, пешгирии азҳампошии оилаҳо, пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила инчунин оид ба якқатор масъалаҳои дигари оиладорӣ, фаъолияти ҳамаҷибаро ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон баҳри муқаддас нигоҳ доштани унсурҳои оиладорӣ, эҳтироми ҳамдигарии зану шавҳар ва дар роҳи дуруст тарбият намудани фарзандон, мулоқт ва корҳои таблиғу ташвиқотиро дар миёни шаҳрвандон роҳандозӣ мекунанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin