• Home »
  • ХАБАР »
  • Ташрифи ҳайати расмии Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент ба шаҳри Душанбе
Ташрифи ҳайати расмии Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент ба шаҳри Душанбе

Ташрифи ҳайати расмии Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент ба шаҳри Душанбе

  Ҳафтаи равон ҳайати расмии Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати мубориза зидди терроризм ва эстремизми Сарраёсати номбурда полковник Ҷамолов Отабек Атоевич бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
  Дар доираи сафари расмӣ нахуст мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳои мақомоти корҳои дохилии шаҳрҳои Душанбе ва Тошкент баргузор гардид.
  Дар мулоқоти корӣ нахуст сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва стратегии Тоҷикистону Узбекистон дар тамоми соҳаҳо ҳарф зада, дар ин замина аз ташаббусҳои таърихӣ ва иқдомҳои сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суханронӣ намуд.


  Дар идомаи мулоқот роҳбари мақомоти милитсия пойтахт Шариф Назарзода ҷиҳати муборизаи якҷоя бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои ҳарду кишварро муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф ҳамчунин доир ба масъалаҳои муборизаи якҷоя зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯши ғайриқонунии силоҳ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами мақомоти корҳои дохилии пойтахти кишварҳои ҳамдигар, раванди ислоҳоти милитсияи дар шаҳри Душанбе ва ҳадафу маром ва натиҷаи роҳандозӣ намудани якчанд амалиёту чорабиниҳои профилактикӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе оварда расонидааст, суханронӣ намуд.


  Дар ҷараёни мулоқоти мазкур сардори Раёсати мубориза зидди терроризм ва эстремизми Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент полковник Ҷамолов Отабек Атоевич низ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки чунин мулоқоту суҳбатҳо ва табодули афкор ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ва омӯзиши таҷрибаи якдигар ҷиҳати мубориза бар зидди ҳамагуна амалу кирдори ҷиноятӣ мусоидат хоҳад кард.
  Дар ҷараёни мулоқот оиди таҷрибаи ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида табодули афкор сурат гирифта, дар анҷом изҳори умедворӣ карда шуд, ки чунин мулоқот ва ташрифи ҳайати кории ҳарду ҷониб минбаъд низ ба роҳ монда мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin